https://sputnik.tj/20250507/zindon-dodgoh-raisi-sobiqi-konibodom-hukm-sodir-1067269575.html
12 сол зиндон: Додгоҳ алайҳи раиси собиқи шаҳри Конибодом ҳукм содир кард
12 сол зиндон: Додгоҳ алайҳи раиси собиқи шаҳри Конибодом ҳукм содир кард
Sputnik Тоҷикистон
Суди шаҳри Конибодом, нисбати АбдусаломТухтасунзода, раиси собиқи ин шаҳри вилояти Суғд бо ҷурми даст доштан дар қаллобӣ ва порагирӣ ҳукм баровардааст
2025-05-07T17:59+0500
2025-05-07T17:59+0500
2025-05-07T17:59+0500
дар тоҷикистон
қарори додгоҳ
суд
суғд
конибодом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:415:2300:1709_1920x0_80_0_0_7768171ef7c5c1c31e7785a1475b99d7.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Хабари эълони ҳукм алайҳи ин мансабдори собиқ баландмақоми шаҳри Конибодомро дар суд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд. Бино ба иттилоъи манобеъ аз Суди вилояти Суғд, ҳукм алайҳи Абдусалом Тухтасунзода, рӯзи 30 – апрел зимни баргузории мурофияи судӣ дар шаҳри Конибодом содир шудааст.Баррасии парвандаро Мусобекзода Т., муовини раиси суди шаҳри Конибодом ба итмом расонидааст. Тухтасунзода Абдусалом, дар оғози соли ҷорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор гардида буд. Ӯ, дар поёни моҳи феврал аз ҳудуди кишвари Ӯзбекистон боздошт гардида, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд. Оқои Тухтасунзода дар поёни соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Конибодом таъин гардида буд. Ӯ, дар ин мансаби баланд беш аз чаҳор сол кор карда, 4 январи соли 2025 бино бар гузаштан ба кори дигар аз курсии раиси шаҳри Конибодом барканор шуд. Зимнан ба ҷойи ӯ, Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом таъйин шудааст. Тухтасунзода то замони раиси шаҳр таъин шуданаш солҳои 2015 – 2020 дар вазифаи раиси кумитаи идораи замин дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи обоҷон Ғафуров кор кардааст. Ифтитоҳи парванда ва маҳкум ба зиндон шудани раиси собиқи Конибодом ҳодисаи камназир нест. Дар гузашта ҳам чанде аз раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон баъди барканорӣ аз мансаб мавриди боздошт қарор гирифта ва муҷозот шудаанд.
https://sputnik.tj/20250405/raisi-sobiq-konibodom-bozdosht-1066870421.html
суғд
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, додгоҳ, конибодом, ҳукм, раиси пешин, суғд
тоҷикистон, додгоҳ, конибодом, ҳукм, раиси пешин, суғд
12 сол зиндон: Додгоҳ алайҳи раиси собиқи шаҳри Конибодом ҳукм содир кард
Суди шаҳри Конибодом, нисбати АбдусаломТухтасунзода, раиси собиқи ин шаҳри вилояти Суғд бо ҷурми даст доштан дар қаллобӣ ва порагирӣ ҳукм баровардааст
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Хабари эълони ҳукм алайҳи ин мансабдори собиқ баландмақоми шаҳри Конибодомро дар суд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз Суди вилояти Суғд, ҳукм алайҳи Абдусалом Тухтасунзода, рӯзи 30 – апрел зимни баргузории мурофияи судӣ дар шаҳри Конибодом содир шудааст.
“Суд парвандаро бо ду моддаи қонун 247 (қаллобӣ) ва 319 (гирифтани пора) баррасӣ намуда, нисбати Тухтасунзода А., дар умум 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ ҳукм содир намудааст” – гуфт, манбаъ.
Баррасии парвандаро Мусобекзода Т., муовини раиси суди шаҳри Конибодом ба итмом расонидааст.
Тухтасунзода Абдусалом, дар оғози соли ҷорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор гардида буд.
Ӯ, дар поёни моҳи феврал аз ҳудуди кишвари Ӯзбекистон боздошт гардида, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.
Оқои Тухтасунзода дар поёни соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Конибодом таъин гардида буд.
Ӯ, дар ин мансаби баланд беш аз чаҳор сол кор карда, 4 январи соли 2025 бино бар гузаштан ба кори дигар аз курсии раиси шаҳри Конибодом барканор шуд. Зимнан ба ҷойи ӯ, Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом таъйин шудааст.
Тухтасунзода то замони раиси шаҳр таъин шуданаш солҳои 2015 – 2020 дар вазифаи раиси кумитаи идораи замин дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи обоҷон Ғафуров кор кардааст.
Ифтитоҳи парванда ва маҳкум ба зиндон шудани раиси собиқи Конибодом ҳодисаи камназир нест. Дар гузашта ҳам чанде аз раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон баъди барканорӣ аз мансаб мавриди боздошт қарор гирифта ва муҷозот шудаанд.