Раиси собиқи шаҳри Конибодом боздошт шудааст

© Фото : Vyacheslav AkishinЗадержание преступника
Задержание преступника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Абдусалом Тухтасунзода, дар оғози соли ҷорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор гардида буд
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ин мансабдори собиқ баландмақоми шаҳри Конибодом боздошт шудааст.
Хабари боздошти ӯро, манобеъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
“Собиқ раиси шаҳри Конибодом дар поёни моҳи феврал аз ҳудуди кишвари Ӯзбекистон боздошт гардида зимнан дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад”, –гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ раиси собиқи шаҳри Конибодом ба гумони даст доштан ба “қаллобӣ”ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” бозпурсӣ мешавад.
Зимнан назари пайвандони собиқ раиси шаҳри Конибодом ба ин қазияи ӯ маълум нест.
Тухтасунзода Абдусалом дар поёни соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Конибодом таъин гардид.
Задержание, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2025
Мақомдори Ёвон барои фурӯши ғайриқонунии замин боздошт шуд
Ӯ, дар ин мансаби баланд беш аз чаҳор сол кор карда, 4 январи соли 2025 бино бар гузаштан ба кори дигар аз курсии раиси шаҳри Конибодом барканор шуд.
Тухтасунзода то замони раиси шаҳр таъин шуданаш солҳои 2015 – 2020 дар вазифаи раиси кумитаи идораи замин дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Дар радифи боздошти собиқ раиси шаҳр, чанд мансабдори баландмақоми дигар аз ҷумла муовини пешини сардори ШВК ва раиси идораи амволи давлатии Конибодом низ боздошт шудаанд.
Боздошти раиси собиқи Конибодом ҳодисаи камназир нест, дар гузашта ҳам чанде аз раисони навоҳии Суғд баъди барканорӣ аз мансаб мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор гирифта буданд.
Лентаи хабарҳо
0