Завқизода: Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 25 соли ахир 85 маротиба зиёд гардид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр экономического развития и торговли Завкизода Завки Амин
Министр экономического развития и торговли Завкизода Завки Амин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон дар даврони истицлолият дар самти таъмини рушди устувор ва зиндагии арзандаи мардум ба комёбиҳои назаррас ноил гардид
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Ҳамоиши ҷавонони волонтёр аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ гуфт.
Вазир хабар дод, ки новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 25 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонӣ то 153,4 млрд. сомонӣ ё 85 маротиба зиёд гардид.
Ба иттилои Завқӣ Завқизода маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 14,8 ҳазор сомонӣ ё 51 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонӣ то 147 млрд. сомонӣ ё 147 маротиба зиёд гардид.
Вазири рушди итисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 20,4% коҳиш ёфт.
Ҳамчунин зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати НБО “Роғун”, 3670 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 3076 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Вазири иқтисод: Новобаста аз таъсири ду буҳрони глобалӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд кард
Вазири рушди қитисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кард, ки дар натиҷа ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Завқизода илова кард, ки Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо беш аз 110 кишвари ҷаҳон ба роҳ мондаааст.
Лентаи хабарҳо
0