https://sputnik.tj/20250507/imzoi-panj-sanadi-hamkorii-iqtisodi-tojikiston-eron-1067256746.html
Имзои панҷ санади ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон
Имзои панҷ санади ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи 17-мини иҷлоси ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон имзои чанд санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисодии сурат гирифт
2025-05-07T09:36+0500
2025-05-07T09:36+0500
2025-05-07T09:36+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
имзо
санади ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/06/1067256581_42:208:702:579_1920x0_80_0_0_779fa5d8fe884e84ca8c980380269ec4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Тоҷикистону Эрон дар Шероз дар доираи 17-умин иҷлоси комиссиюни муштараки ду кишҳвар панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст хабаргузории “ИРНА”.Қайд карда шудааст, ким нахуст тарафҳо протоколи ҷаласаро имзо карданд.Вазири неруи Эрон Аббосалӣ Ободӣ таъкид кард, ки ин ёддошт бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ дар ҳавзаи хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ ва ҳимоят аз фаъолони иқтисодии кишвари Эрон дар Тоҷикистони тарроҳӣ шудааст.Вай афзуд ки дар ин ёддошти тафоҳум, бар баррасии лоиҳаҳои тавсеаи саноати сабук, эҷоди мушорикати фаъол дар санъати нассоҷӣ ва таъсиси бунгоҳҳои иқтисодӣ дар саноеъи ғизои таъкид шудааст.Вай ҳамчунин ба баргузории гирдиҳамоиҳо ва коргоҳҳои байналмилалӣ барои афзоиши ошнои ду кишвар ишора кард ва гуфт, ки ин барномаҳо барои мушорикати туҷҷор ва сармоягузорон эронӣ ва тоҷик зарурӣ аст.Вазири неруи Эрон ҳамчунин бар лузуми густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, шиносоӣ ва муаррифии ҷозибаҳои гардишгарӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла нақшабардорӣ, гумрук, мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва кишоварзӣ таъкид намуд.Аббосалӣ Ободӣ изҳор кард, ки ин ёддошт фароҳамкунандаи заминаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои молӣ, беҳдошт ва дармон, барқ ва муҳит зист аст ки метавонад ба тақвияти равобити ду кишвар кумак кунад.Вай афзуд, ки Тоҷикистон омодааст то аз мушовирону мутахассисони эронӣ баҳраманд шавад ва ин ҳамкорӣ метавонад ба рафъи ниёзҳои ин кишвар кумак кунад.Дар поёни 17-мин иҷлоси комиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон, вузарои неру ва энержии ду кишвар бар аҳамияти ҳамкориҳоу тафоҳуми номаҳои имзо шуда таъкӣд карданд.Аббосалӣ Ободӣ вазири неруи Эрон дар ин нишаст эълом кард, ки тафоҳумномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ мумкин аст таъсире дар масоили фаврии кишвар надошта бошанд, аммо бар ҳамкориҳои оянда ва чашмандозҳо таъкид доранд.Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки ҳамкориҳои гузашта байни ду кишвари нақши ҳаётӣ дошта ва акнун барои тавсеаи зерсохтҳо ва ҳамкориҳо аз тариқи ин тафоҳумномаҳо иқдом мешавад.Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ бо ишора ба ҳамкориҳои дуҷониба, изҳор кард, ва гуфт ин иҷлосия нишондиҳанда рушди ҳамкориҳои ду кишвар барои густариш равобит аст ва мо дар заминаҳои фаннӣ ва муҳандисӣ имконоти зиёде барои ҳамкорӣ дорем.Вазири неруи Эрон ҳамчунин ба афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ дар солҳои гузашта ишора карду ибрози умедворӣ кард, ки ин раванд дар оянда идома ёбад.Алӣ Ободӣ бо ёдоварии зарфиятҳои бузурги устони Форс дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, таъкид кард, ки Шероз бояд ба унвони як маркази фарҳангӣ ва иқтисодӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирад.Дар поён ин нишаст, дар бораи афзоиши парвозҳои байни Душанбе ва Шероз, вазири барқу энержӣ тасреҳ кард, ки барқарории ин парвозҳо метавонад пайвандҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни ду кишварро тақвият кунад.
https://sputnik.tj/20250506/barnomai-tojikiston-eron-hazfi-ravodid-1067250788.html
https://sputnik.tj/20250430/peshnihod-tojikiston-eron-tasisi-parki-mushtarak-sanoati-1067176953.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/06/1067256581_116:178:651:579_1920x0_80_0_0_0e703780df68a9a606b0bcaf6b46d136.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, имзо, санад, шероз, иқтисод, равобит
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, имзо, санад, шероз, иқтисод, равобит
Имзои панҷ санади ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон
Дар ҳошияи 17-мини иҷлоси ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон имзои чанд санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисодии сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Тоҷикистону Эрон дар Шероз дар доираи 17-умин иҷлоси комиссиюни муштараки ду кишҳвар панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст хабаргузории “ИРНА”.
Қайд карда шудааст, ким нахуст тарафҳо протоколи ҷаласаро имзо карданд.
Вазири неруи Эрон Аббосалӣ Ободӣ таъкид кард, ки ин ёддошт бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ дар ҳавзаи хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ ва ҳимоят аз фаъолони иқтисодии кишвари Эрон дар Тоҷикистони тарроҳӣ шудааст.
Вай афзуд ки дар ин ёддошти тафоҳум, бар баррасии лоиҳаҳои тавсеаи саноати сабук, эҷоди мушорикати фаъол дар санъати нассоҷӣ ва таъсиси бунгоҳҳои иқтисодӣ дар саноеъи ғизои таъкид шудааст.
Вай ҳамчунин ба баргузории гирдиҳамоиҳо ва коргоҳҳои байналмилалӣ барои афзоиши ошнои ду кишвар ишора кард ва гуфт, ки ин барномаҳо барои мушорикати туҷҷор ва сармоягузорон эронӣ ва тоҷик зарурӣ аст.
Вазири неруи Эрон ҳамчунин бар лузуми густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, шиносоӣ ва муаррифии ҷозибаҳои гардишгарӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла нақшабардорӣ, гумрук, мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва кишоварзӣ таъкид намуд.
Аббосалӣ Ободӣ изҳор кард, ки ин ёддошт фароҳамкунандаи заминаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои молӣ, беҳдошт ва дармон, барқ ва муҳит зист аст ки метавонад ба тақвияти равобити ду кишвар кумак кунад.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон омодааст то аз мушовирону мутахассисони эронӣ баҳраманд шавад ва ин ҳамкорӣ метавонад ба рафъи ниёзҳои ин кишвар кумак кунад.
Дар поёни 17-мин иҷлоси комиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон, вузарои неру ва энержии ду кишвар бар аҳамияти ҳамкориҳоу тафоҳуми номаҳои имзо шуда таъкӣд карданд.
Аббосалӣ Ободӣ вазири неруи Эрон дар ин нишаст эълом кард, ки тафоҳумномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ мумкин аст таъсире дар масоили фаврии кишвар надошта бошанд, аммо бар ҳамкориҳои оянда ва чашмандозҳо таъкид доранд.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки ҳамкориҳои гузашта байни ду кишвари нақши ҳаётӣ дошта ва акнун барои тавсеаи зерсохтҳо ва ҳамкориҳо аз тариқи ин тафоҳумномаҳо иқдом мешавад.
Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ бо ишора ба ҳамкориҳои дуҷониба, изҳор кард, ва гуфт ин иҷлосия нишондиҳанда рушди ҳамкориҳои ду кишвар барои густариш равобит аст ва мо дар заминаҳои фаннӣ ва муҳандисӣ имконоти зиёде барои ҳамкорӣ дорем.
Вазири неруи Эрон ҳамчунин ба афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ дар солҳои гузашта ишора карду ибрози умедворӣ кард, ки ин раванд дар оянда идома ёбад.
Алӣ Ободӣ бо ёдоварии зарфиятҳои бузурги устони Форс дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, таъкид кард, ки Шероз бояд ба унвони як маркази фарҳангӣ ва иқтисодӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирад.
Дар поён ин нишаст, дар бораи афзоиши парвозҳои байни Душанбе ва Шероз, вазири барқу энержӣ тасреҳ кард, ки барқарории ин парвозҳо метавонад пайвандҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни ду кишварро тақвият кунад.