https://sputnik.tj/20250506/tijorat-tojikiston-eron-se-moh-1067240626.html
Тиҷорати Тоҷикистону Эрон дар се моҳ 43% афзуд
Тиҷорати Тоҷикистону Эрон дар се моҳ 43% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4% афзоиш ёфта буд
2025-05-06T10:49+0500
2025-05-06T10:49+0500
2025-05-06T11:17+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101513/50/1015135002_0:252:2747:1797_1920x0_80_0_0_c6fa650c94e80c7aa74a180fe7fd3e9e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Шерорз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар баргузор шуд.Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муаррифӣ мекард, нахуст ҳамдардӣ ва изҳори тассалияти амиқи ҳайати расмии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми Эрон доир ба фоҷиаи нобаҳангоми бавуқуъомада дар Бандари "Шаҳид Раҷоӣ"-и шаҳри Бандар Аббос баён дошт.Вазир дар оғози ҷаласа таъкид кард, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.Вай таъкид кард, дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.Дар кори комиссия тарафҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва маъдан, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, геология, харитасозӣ, стандартизатсия, гумрук, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, об, нафту газ, энергетика, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, кишоварзӣ, садо ва симо мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ҳамин ҳол, дабири камиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии муштараки Эрону Тоҷикистон, раиси маркази байналмилалии вазорати неруи Эрон аз ҳадафгузории 500 миллион долларӣ барои мубодилоти иқтисодӣ миёни ин ду кишвар дар қолаби ҳамкориҳои муштарак хабар дод.Муҳаммадвалӣ Алоиддинӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНО, гуфт, ки ҳадаф аз баргузарии ин иҷлос тавсеаи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ , иҷтимоӣ ва гардишгарӣ миёни ду кишвари Эрону Тоҷикистон унвон кард.Алоиддинӣ таъкид кард, ки дар Эрон тавонмандиҳои фавқулодаи зиёде дар ҳавзаи хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ, тавлидоту таҷҳизот ба вижа дар санъати об, барқ, роҳ, нафту газ, петрошимӣ дорем, ки метавонем аз ин зарфиятҳо барои густариши таъомулот миёни ду кишвар истифода кунем.Қайд карда шудааст, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.
https://sputnik.tj/20250430/peshnihod-tojikiston-eron-tasisi-parki-mushtarak-sanoati-1067176953.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101513/50/1015135002_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_315193c409fff383747bca39c6a9d9e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиқтисодӣ, равобит, тиҷорат
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиқтисодӣ, равобит, тиҷорат
Тиҷорати Тоҷикистону Эрон дар се моҳ 43% афзуд
10:49 06.05.2025 (Навсозишуда: 11:17 06.05.2025) Дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4% афзоиш ёфта буд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Шерорз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар баргузор шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муаррифӣ мекард, нахуст ҳамдардӣ ва изҳори тассалияти амиқи ҳайати расмии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми Эрон доир ба фоҷиаи нобаҳангоми бавуқуъомада дар Бандари "Шаҳид Раҷоӣ"-и шаҳри Бандар Аббос баён дошт.
Вазир дар оғози ҷаласа таъкид кард, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Вай таъкид кард, дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.
Дар кори комиссия тарафҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва маъдан, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, геология, харитасозӣ, стандартизатсия, гумрук, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, об, нафту газ, энергетика, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, кишоварзӣ, садо ва симо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамин ҳол, дабири камиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии муштараки Эрону Тоҷикистон, раиси маркази байналмилалии вазорати неруи Эрон аз ҳадафгузории 500 миллион долларӣ барои мубодилоти иқтисодӣ миёни ин ду кишвар дар қолаби ҳамкориҳои муштарак хабар дод.
Муҳаммадвалӣ Алоиддинӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНО, гуфт, ки ҳадаф аз баргузарии ин иҷлос тавсеаи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ , иҷтимоӣ ва гардишгарӣ миёни ду кишвари Эрону Тоҷикистон унвон кард.
Алоиддинӣ таъкид кард, ки дар Эрон тавонмандиҳои фавқулодаи зиёде дар ҳавзаи хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ, тавлидоту таҷҳизот ба вижа дар санъати об, барқ, роҳ, нафту газ, петрошимӣ дорем, ки метавонем аз ин зарфиятҳо барои густариши таъомулот миёни ду кишвар истифода кунем.
Қайд карда шудааст, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.