Ҳаҷми кумакпулии Раҳмон ба 17 куҳансарбози тоҷик маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВетераны, архивное фото
Ветераны, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2025
Обуна шудан
Масъулин аз Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон кумакпулиҳои ҷудошударо инфиродӣ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвар хоҳанд расонд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои ҳар 17 штирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз хазинаи захиравии президенти кишвар 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт", - изҳор дошт манбаъ.
Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз 99 то 112 - сола: Дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Ба иттилои Шӯро, ба ҳолати аввали моҳи май дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Ҳоло дар вилояти Хатлон 8 – нафар собиқадор, ноҳияҳои тобеи марказ - 5, Суғд - 2 ва шаҳри Душанбе 2 - нафар умр ба сар мебаранд. Дар ВМКБ бошад ягон куҳансарбоз дар қайди ҳаёт нест.
Заглушка к инфографике Ветераны Великой Отечественной войны в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Чанд куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майро дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд
Қаблан, Шаҳригул Қодирова, нозири Шӯрои собиқдадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки куҳансолтарин собиқадори ҷанг Рашид Каримов, сокини шаҳри Ҳисор мебошад, ки 112 сол умр дорад.
Ба гуфтаи ӯ, хурдтарин куҳансарбоз низ дар ин шаҳр ба сар мебарад ва 99 - сола аст.
Лентаи хабарҳо
0