Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод боз кумак фиристод

© SputnikПомощь президента пострадавшим от землетрясения в Таджикистане. Архивное фото
Помощь президента пострадавшим от землетрясения в Таджикистане. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Обуна шудан
Корвони кумакҳои навбатии президенти Тоҷикистон, иборат аз масолеҳи сохтмонӣ барои зарардидагони заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод равон карда шуд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кумакҳои навбатии раисҷумҳури кишвар ба зарардидагони офати табиии дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод фиристода шуд, иттилоъ додааст шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон”.
Ба иттилои манбаъ, Кумакҳо дар ҳаҷми зарурӣ иборат аз семент, хишт ва тахта давоми рӯз ба минтақаҳои зарадидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дастрас карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки 15 апрел дар асоси дастури президенти Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо, иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуда буд.
Ҳамзамон 17 апрел Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати кишвар барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминларза, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёрии ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳо дода буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб карда буд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологии минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Согд отправил в Рашт гумпомощь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2025
Аз ҳар гӯшаи кишвар: Суғд низ ба осебдидагон зилзила дар Рашт кумак фиристод
Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ бояд бемонеа идома ёбад.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои мақомоти расмии Тоҷикистон барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт расонидани кумакҳои ҳамаҷонибаи фаврӣ идома дорад.
Ҳамчунин, бунёди манзилҳои истиқоматии пурра харобгардидаи сокинони ду ноҳия оғоз гардидааст ва ба сокинони манзилҳои истиқоматияшон қисман зарардида тамоми масолеҳи сохтмонӣ кумак карда шудааст.
Инчунин тамоми зарардидагони эҳтиёҷманд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хаймаҳо, ашёи рӯзгор ва маводи хӯрокворӣ таъмин карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар километри 160-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 21-уми самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0