Ҳушдор аз тӯфони чангу ғубор ва сел дар Тоҷикистон

© SputnikДушанбе накрыла пыльная буря
Душанбе накрыла пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2025
Обуна шудан
Зарфи панҷ рӯзи оянда бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, НТҶ ва ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) пешгӯӣ мешавад.
Ба гузориши Агентии ҳавосанҷии кишвар, рӯзҳои 8-10 май дар қаламрави Тоҷикистонтӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад, ки шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20 м/с дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолӣ ба вуҷуд меояд.
Ледник Федченко на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2025
Давоми 20 соли охир 15 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд
Гуфта мешавад, шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад.
"Дар аксари минтақаҳои кишвар консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад", - омадааст дар хабари Агентӣ.
Вобаста ба ин Агентии обуҳавошиносӣ чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо додааст. Аз ҷумла қайд кардааст, нафароне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.
Тавсияҳои дигари Агентӣ:
Бе зарурат аз хона набароед;
Ниқобҳои муҳофизатиро истифода намоед;ӯ
Фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд кунед;
Таҷҳизоти тозакунандаи ҳаворо истифода намоед;
Ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ фавран ба духтур муроҷиат намоед.
Лентаи хабарҳо
0