https://sputnik.tj/20250504/qazho-arzon-bonki-milli-meyori-boztamvil-poin-burd-1067218655.html
Қазҳо арзон мешаванд?: Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Қазҳо арзон мешаванд?: Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар кишвар ба андозаи 0,5 банди фоизӣ поин бурд. Ин нахустин ҳолати поинбарӣ дар соли равон мебошад
2025-05-04T15:26+0500
2025-05-04T15:26+0500
2025-05-04T15:26+0500
дар тоҷикистон
меъёри бозтамвил
иқтисод
бонки миллӣ
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066654001_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_d21771c4908dd76f0bb69e44d21e99ce.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 8,25% муқаррар карда шуд, хабар медиҳад Бонки миллии кишвар.Ба иттилои БМТ, меъёри нави бозтамвил аз 10 феврал мавриди амал қарор гирифта, дар муқоиса бо нишондоди пешӣ 0,5 банди фоизӣ % камтар аст.Танзимгари молиявии ҷумҳурӣ бори дуввум дар соли 2025 меъёри бозтамвилро поин мебарад. Дар соли 2024 БМТ се маротиба меъёри бозтамвилро тағйир дода буд.Қаблан, аз моҳи феврали соли равон меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 8,75% муқаррар шуда буд." Қарори мазкур дар асоси вазъи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ қабул карда шуд", - омадааст дар хабарнома.Ин дувумин тағйирёбии меъёри бозтамвил дар соли 2025 аст.Тибқи иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар моҳи марти соли ҷорӣ мизони таваррум то 3,4% коҳиш ёфт.Тибқи пешгӯии миёнамӯҳлати ҳукумати Тоҷикистон, суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2025 мисли соли гузашта 8,4% хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ахир, Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррумро барои 3 соли оянда дар ҳадди 5% пешбинӣ кардааст.Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, меъёри ҳадди ақали фоизест, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ба бонкҳои тиҷоратии кишвар қарз медиҳад.
https://sputnik.tj/20250430/tojikiston-kishvarhoi-idm-kamtarin-tavarrum-qayd-1067178424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066654001_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_966f147bdc3b9c9b9fbc1716d74c0e6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, бонки миллӣ, меъёри бозтамвил, поин
тоҷикистон, иқтисод, бонки миллӣ, меъёри бозтамвил, поин
Қазҳо арзон мешаванд?: Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар кишвар ба андозаи 0,5 банди фоизӣ поин бурд. Ин нахустин ҳолати поинбарӣ дар соли равон мебошад
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 8,25% муқаррар карда шуд, хабар медиҳад Бонки миллии кишвар.
Ба иттилои БМТ, меъёри нави бозтамвил аз 10 феврал мавриди амал қарор гирифта, дар муқоиса бо нишондоди пешӣ 0,5 банди фоизӣ % камтар аст.
Танзимгари молиявии ҷумҳурӣ бори дуввум дар соли 2025 меъёри бозтамвилро поин мебарад. Дар соли 2024 БМТ се маротиба меъёри бозтамвилро тағйир дода буд.
Қаблан, аз моҳи феврали соли равон меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 8,75% муқаррар шуда буд.
" Қарори мазкур дар асоси вазъи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ қабул карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ин дувумин тағйирёбии меъёри бозтамвил дар соли 2025 аст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар моҳи марти соли ҷорӣ мизони таваррум то 3,4% коҳиш ёфт.
Тибқи пешгӯии миёнамӯҳлати ҳукумати Тоҷикистон, суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2025 мисли соли гузашта 8,4% хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ахир, Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррумро барои 3 соли оянда дар ҳадди 5% пешбинӣ кардааст.
Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, меъёри ҳадди ақали фоизест, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ба бонкҳои тиҷоратии кишвар қарз медиҳад.