https://sputnik.tj/20240703/imzo-sozishnoma-sharikii-strategi-hamkori-tojikiston-pokiston-1063407514.html
Имзои созишномаи шарикии стратегӣ ва чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
Имзои созишномаи шарикии стратегӣ ва чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар баргузор шуд
2024-07-03T10:49+0500
2024-07-03T10:49+0500
2024-07-03T11:19+0500
дар тоҷикистон
покистон
имзои санад
созишнома
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063407350_0:107:1280:827_1920x0_80_0_0_bb0291d5559cc3bd6cb726955b76637d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур миёни ду кишвар 9 санади муҳим ба имзо расид.Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Тоҷикистон ва Покистон аз натиҷаи сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Покистон имзо гузоштанд.Ҳамчунин, санадҳои зерин ба имзо расид:Кишвардори Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ пас аз имзои санадҳо гуфт, ки имзои санадҳои нави ҳамкороӣ заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро тақвият мебахшанд.“Бахусус, мехоҳам аҳаммияти таърихии Созишнома дар бораи шарикии стратегиро таъкид намоям. Бовар дорам, ки сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахши онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид”, гуфт Раҳмон.Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки ҳамкории фарогир ва созанда комилан ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар мебошад.
https://sputnik.tj/20240702/casa-istifodai-bandar-pokiston-rahmon-shahboz-sharif-1063405873.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063407350_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_46c10ba089eb69a7ca2d3001c688d7ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, имзо, санад, ҳамкорӣ, созишнома, раҳмон
тоҷикистон, покистон, имзо, санад, ҳамкорӣ, созишнома, раҳмон
Имзои созишномаи шарикии стратегӣ ва чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
10:49 03.07.2024 (Навсозишуда: 11:19 03.07.2024) Ахиран дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур миёни ду кишвар 9 санади муҳим ба имзо расид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Тоҷикистон ва Покистон аз натиҷаи сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Покистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, санадҳои зерин ба имзо расид:
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Покистон барои солҳои 2025-2026;
Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;
Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;
Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон;
Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.
Кишвардори Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ пас аз имзои санадҳо гуфт, ки имзои санадҳои нави ҳамкороӣ заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро тақвият мебахшанд.
“Бахусус, мехоҳам аҳаммияти таърихии Созишнома дар бораи шарикии стратегиро таъкид намоям. Бовар дорам, ки сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахши онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид”, гуфт Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки ҳамкории фарогир ва созанда комилан ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар мебошад.