https://sputnik.tj/20250503/sokinon-zarardida-rasht-tojikobod-markazi-salomati-bungohi-tibbi-mesozand-1067211696.html
Барои сокинони зарардида дар Рашту Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ месозанд
Барои сокинони зарардида дар Рашту Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони зиёди ин ду ноҳияи Тоҷикистон бар асари заминларзаи шадид бехонаву дар монданд. Ҳамчунин иншоотҳои зиёд низ хароб шуданд 03.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-03T13:49+0500
2025-05-03T13:49+0500
2025-05-03T13:49+0500
дар тоҷикистон
рашт
заминларза
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054189499_0:0:3111:1750_1920x0_80_0_0_0e0210a48db32a6a55f762366c2ff03a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik.Сокинони Рашту Тоҷикобод соҳиби Маркази саломатӣ ва бунгоҳи таббӣ мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бунгоҳи тиббӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад. Вазорат тавзеҳ дод, ки сохтмони иншоотҳои нави тиббӣ аллакай оғоз ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар Тоҷикистон заминларзаи шадид сар зад.Маркази заминларза ноҳияи Рашт буда, шиддати ҷунбиши замин дар марказ ба 5-6 балл баробар буд.Бар асари ин офати табиӣ як кӯдак ҷон бохта, 16 нафари дигар бистарии беморхона шуданд.Бояд зикр намуд, ки роҳбари давлат ду маротиба ба сокинони зарардидаи ин ду ноҳия корвони кумакҳои башардӯстона бо маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводҳои зарурӣ ирсол карда буд.Илова бар ин, дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба мақомот ва роҳбарони ин ду ноҳия барои сари вақт бартараф кардани хисорот ва расонидани кумакҳои саривақтӣ дастуру супоришҳо дода буд. Мақомот вазифадор шуданд, ки то1 ноябр сокиноне, ки ба пуррагӣ хонаҳои худро аз даст доданд, бо манзилҳои нав таъмин шаванд.
https://sputnik.tj/20250425/rahmon-zarardidagoni-ofati-tabiii-rasht-tojikobod-kumak-1067120592.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054189499_67:0:2766:2024_1920x0_80_0_0_2f1da72218fdea7a6f50d6934a0f5c52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рашт, заминларза, тандурустӣ, вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон, рашт, заминларза, тандурустӣ, вазорати тандурустӣ
Барои сокинони зарардида дар Рашту Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ месозанд
Сокинони зиёди ин ду ноҳияи Тоҷикистон бар асари заминларзаи шадид бехонаву дар монданд. Ҳамчунин иншоотҳои зиёд низ хароб шуданд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik.Сокинони Рашту Тоҷикобод соҳиби Маркази саломатӣ ва бунгоҳи таббӣ мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бунгоҳи тиббӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад.
Вазорат тавзеҳ дод, ки сохтмони иншоотҳои нави тиббӣ аллакай оғоз ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар Тоҷикистон заминларзаи шадид сар зад.
Маркази заминларза ноҳияи Рашт буда, шиддати ҷунбиши замин дар марказ ба 5-6 балл баробар буд.
Бар асари ин офати табиӣ як кӯдак ҷон бохта, 16 нафари дигар бистарии беморхона шуданд.
Бояд зикр намуд, ки роҳбари давлат ду маротиба ба сокинони зарардидаи ин ду ноҳия корвони кумакҳои башардӯстона бо маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводҳои зарурӣ ирсол карда буд.
Илова бар ин, дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба мақомот ва роҳбарони ин ду ноҳия барои сари вақт бартараф кардани хисорот ва расонидани кумакҳои саривақтӣ дастуру супоришҳо дода буд. Мақомот вазифадор шуданд, ки то1 ноябр сокиноне, ки ба пуррагӣ хонаҳои худро аз даст доданд, бо манзилҳои нав таъмин шаванд.