Мақомоти Суғд гуфт ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ мусоидат мекунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрибытие поездов из Средней Азии в Москву
Прибытие поездов из Средней Азии в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2025
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки ба кори доимӣ таъмин кардани корҷӯён дар коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд қайд кардааст, ки барои ҳарчи зиёдтар бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ ҳамасола чораҳои судманд меандешад.
Ба иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2025 қариб 11 ҳазор шаҳрванд муроҷиат кард, ки аз ин 7 ҳазору 473 нафар ҳамчун корҷӯй мебошад.
Тибқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон, соли равон дар вилоят бояд 20 ҳазору 383 шаҳрванди корҷӯй ва бекор соҳиби шуғли доимӣ шуданд.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд қайд кардааст, ки бо ҷойи кор таъмин намудани он шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар дарёфти ҷойи кор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Тибқи иттилои мақомоти Суғд соли равон ба нақша гирифта шудааст, ки 2 ҳазору 284 чунин нафарони бешуғл бо кори доимӣ таъмин шаванд.
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2025
Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе дар Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
“Дар давраи ҳисоботӣ кормандони раёсати мазкур тавонистанд 531 нафарро бо ҷойи кор таъмин намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ хабар дод, ки дар се моҳи соли равон дар вилоят 73 намоиши ҷойҳои холии кор ташкил гардид, ки дар натиҷа 763 нафар соҳиби ҷойи кор ва 627 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, инчунин, 44 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд зикр кардааст, ки таъмини корҷӯён ба ҷои кор дар коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, хусусан миёни ҷавонону бонувон, мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0