https://sputnik.tj/20250501/yarmarkai-joyhoi-kori-kholi-dushanbe-ruzi-yakdilii-mehnatkashon-1067187667.html
Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе дар Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе дар Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ярмарка зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат доштанд, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод гардид
2025-05-01T13:03+0500
2025-05-01T13:03+0500
2025-05-01T13:03+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ярмарка
ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/01/1067187104_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_919ae34787a44cdf0b136ab5bda98abc.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе бахшида ба 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар шаҳри Душанбе нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.Иттилдоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар сурат гирифтааст ва дар ин нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод корхонаҳову корфармоёни дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҷои кор пешниҳод карданд.Холмаҳмадзода Солеҳа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, қайд кард, ки Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҷашнест, ки дар пасманзари муборакбодиҳо, ба мо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашонро бозгӯ менамояд.Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон дар ин ярмаркаҳо имкониятҳои омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.Ба иттилои манбаъ ба ярмарка аз ҷониби зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, ва дигар ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтарро доранд, пешниҳод гардид.
https://sputnik.tj/20241208/gharb-istifoda-masala-muhojirat-ravobit-rusiya-tojikistonro-vayron-1065418033.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/01/1067187104_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_76ea9833f842aeb277f01ee1a9bdd5ca.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ярмарка, ҷойҳои кории холӣ, корхона, душанбе
тоҷикистон, ярмарка, ҷойҳои кории холӣ, корхона, душанбе
Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе дар Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон Дар ярмарка зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат доштанд, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод гардид.
ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе бахшида ба 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар шаҳри Душанбе нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.
Иттилдоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар сурат гирифтааст ва дар ин нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод корхонаҳову корфармоёни дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҷои кор пешниҳод карданд.
© Foto / Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Тоҷикистон Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
© Foto / Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Тоҷикистон Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
Холмаҳмадзода Солеҳа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, қайд кард, ки Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҷашнест, ки дар пасманзари муборакбодиҳо, ба мо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашонро бозгӯ менамояд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон дар ин ярмаркаҳо имкониятҳои омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.
Ба иттилои манбаъ ба ярмарка аз ҷониби зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, ва дигар ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтарро доранд, пешниҳод гардид.