https://sputnik.tj/20250502/tojikiston-iqtidor-manba-energiya-afzoish-dod-1067208164.html
Тоҷикистон давоми 10 сол иқтидорҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергияро 16% афзоиш дод
Тоҷикистон давоми 10 сол иқтидорҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергияро 16% афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои як Созмони байналмилалии “IRENA” Тоҷикистон аз лиҳози иқтидорҳои энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
2025-05-02T17:59+0500
2025-05-02T17:59+0500
2025-05-02T17:59+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
иқтидор
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687784_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_44f60ce34c621f9e32e1befc98d71544.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 10 соли ахир (2015-2024) иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия 15,8% ё 781 мегаватт (МВт) афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Вазорати энергетика ва захироащои оби Тоҷикистон дар истиноб ба гузориши солонаи Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 МВт дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 зиёд шудааст, ки ин, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.Вазорат қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад.Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи "сабз" аз манбаъҳои барқароршавандаи дар ҷойи шашум қарор дорад.Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кардааст, ки айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи "сабз" миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.
https://sputnik.tj/20250131/vaziri-energetika-casa-ba-kor-medaroyad-1066063394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687784_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_7ece41f4940fe782e7ccf590567063f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтидор, манбаъ, барқароршавандаи энергия, осиёи марказӣ, энергетика, барқ
тоҷикистон, иқтидор, манбаъ, барқароршавандаи энергия, осиёи марказӣ, энергетика, барқ
Тоҷикистон давоми 10 сол иқтидорҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергияро 16% афзоиш дод
Ба иттилои як Созмони байналмилалии “IRENA” Тоҷикистон аз лиҳози иқтидорҳои энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 10 соли ахир (2015-2024) иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия 15,8% ё 781 мегаватт (МВт) афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захироащои оби Тоҷикистон дар истиноб ба гузориши солонаи Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 МВт дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 зиёд шудааст, ки ин, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.
Вазорат қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад.
Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи "сабз" аз манбаъҳои барқароршавандаи дар ҷойи шашум қарор дорад.
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кардааст, ки айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи "сабз" миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.
Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.