Дар Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз чи имтиёзҳо бархурдорнад

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкПразднование Дня Победы в регионах России
Празднование Дня Победы в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2025
Обуна шудан
Масъулини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат гуфтанд, ки кӯҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷузъ аз кӯмакпулии ҷашни 9 май боз чи имтиёзҳо доранд
ДУШАНБЕ,30 апр – Sputnik. Шавкат Алиев, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар вилояти Суғд зимни ба Sputnik Тоҷикистон аз имтиёзҳои давлатӣ ёдовар шуд, ки он ба кӯҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дода мешавад.
Бино ба гуфтаи ӯ, дору табобати комилан бепул яке аз имтиёзҳо буда, ки азин хизматрасонии давлатӣ танҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон истифода карда метавонанд.
© SputnikЛьготы ветеранам Великой Отечественной войны в Таджикистане
Льготы ветеранам Великой Отечественной войны в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2025
Льготы ветеранам Великой Отечественной войны в Таджикистане
Ин масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат имтиёзҳои мавҷуда барои кӯҳансарбозонро шарҳ дод, ки чунин будааст:
Истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳангоми сафар,
Имкони бе навбат гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,
Озод будан аз пардохти андозҳо барои моликияти шахсӣ азҷумла андоз аз воситаҳои нақлиёт,
Кӯмакпулӣ ҳармоҳа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо,
Таъмини ройгон бо маводи доруворӣ,
Барои табобат вобасташавӣ духтурони минтақавӣ дар ҳамаи марказҳои тиббӣ.
Соли гузашта дар остонаи таҷлили 9 – май иди Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва худи раисиҷумҳур дар маҷмуъ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии як вақта супурда шуд.
Дар Тоҷикистон ҳоло 17иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳама кӯҳансолтарини онҳо ба сини мубораки 112 - солагӣ расидааст.
Медали ветерана Великой Отечественной войны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2025
Маълум шуд, ки дар Хатлон нафақаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чанд аст
Дар ин бора Шаҳригул Қодирова, нозири Шӯрои собиқдадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ Рашид Каримови 112 - сола, ҳоло дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор дар ҳалқаи пайвандон зиндагӣ мекунад.
“Маврид базикр аст, ки дар шаҳри Ҳисор ҳоло ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки яке 112 - сола аз ҳама бузургсолтарин ва дигаре 99 - сола аз ҳама хурдтарин кӯҳансарбози ҶБВ маҳсуб мешаванд" - таъкид намуд, Қодирова.
Қарор аст, ки аз 1 то 9 майи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба муносибати 80- солагии Ғалабаи Бузург ҳафтаи поси хотири қурбониёни ҷанг алайҳи фашизм доир гардида, чунин баргузории конференсияҳои илмӣ оид ба корномаҳои кӯҳансарбозонидар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0