https://sputnik.tj/20241208/gharb-istifoda-masala-muhojirat-ravobit-rusiya-tojikistonro-vayron-1065418033.html
Ғарб бо истифода аз масъалаи муҳоҷират мехоҳад равобити Русияву Тоҷикистонро вайрон кунад
Ғарб бо истифода аз масъалаи муҳоҷират мехоҳад равобити Русияву Тоҷикистонро вайрон кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мутахассис, агар ин масъалаи муҳоҷират ҳал нашавад, "хатари ба огуши Ғарб тела додани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки гӯё ба шаҳрвандони тоҷик кор пешниҳод мекунад"
2024-12-08T14:21+0500
2024-12-08T14:21+0500
2024-12-08T15:14+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли ҳозир талош доранд бо истифода аз масъалаи муҳоҷират равобити наздики Тоҷикистону Русияро халалдор созанд, муҳим аст, ки ба гуфтащои онщо дода нашуд.Дар ин бора доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов, ки солҳои 90-уми қарни гузашта раҳбари раёсати хориҷии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ буд, ба ТАСС иброз дошт. Ба ҳамин тариқ, Латифов қайд кард, ки масалан, Ингилистон, Лаҳистон ва Ҳолланд барои қабули чандин ҳазор нафар коргарони ҷумҳурӣ омода будани худро изҳор кардаанд, вале "даъват оммавӣ нест ва нахохад шуд". Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Латифов муътақид аст, ки иқдомоти мақомоти Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират одилона буда, фасодкорӣ дар заминаи сабти номи коргарони хориҷӣ бояд аз байн бурда шавад. Дар ҳамин ҳол, бозгашти оммавии муҳоҷирон аз Федератсияи Русия метавонад ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои худи Русия мушкилоти муайяне эҷод кунад, зеро на ҳама дар ватани худ кор пайдо мекунанд. Агар ин масъала ҳал нашавад, "хатари ба огуши Ғарб тела додани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки гӯё ба шаҳрвандони тоҷик кор пешниҳод мекунад" - шарҳ дод собиқ мансабдор.Соли ҷорӣ дар Русия ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда шуд, аз ҷумла, низоми ихроҷи хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия бидуни асосҳои қонунӣ қарор доранд, ҷорӣ карда шуд. Мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба ин кишвар омадаанд, дар давоми сол низ то 90 рӯз кам карда шуд.Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 шумори муҳоҷирони кории аз ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия рафтан дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст. Ба иттилои вазорат, дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонун аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ шудаанд.
https://sputnik.tj/20241208/vkd-tojikiston-muhojiron-taghyirot-qonunguzori-rusiya-khotirrason-1065414438.html
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб масъала муҳоҷират равобит русия тоҷикистон вайрон
ғарб масъала муҳоҷират равобит русия тоҷикистон вайрон
Ғарб бо истифода аз масъалаи муҳоҷират мехоҳад равобити Русияву Тоҷикистонро вайрон кунад
14:21 08.12.2024 (Навсозишуда: 15:14 08.12.2024) Ба гуфтаи мутахассис, агар ин масъалаи муҳоҷират ҳал нашавад, "хатари ба огуши Ғарб тела додани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки гӯё ба шаҳрвандони тоҷик кор пешниҳод мекунад"
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли ҳозир талош доранд бо истифода аз масъалаи муҳоҷират равобити наздики Тоҷикистону Русияро халалдор созанд, муҳим аст, ки ба гуфтащои онщо дода нашуд.
Дар ин бора доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов, ки солҳои 90-уми қарни гузашта раҳбари раёсати хориҷии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ буд, ба ТАСС иброз дошт.
"Ҳоло мо бояд сиёсати нозукро пеш гирем ва ба фиреб дода нашавем. Ба далели он ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик ҳоло [аз Русия] ихроҷ мешаванд, давлатҳои ғарбӣ талош доранд намоиш диҳанд, ки розиянд муҳоҷирони моро қабул кунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин танҳо як намоиш аст”,- гуфт ӯ.
Ба ҳамин тариқ, Латифов қайд кард, ки масалан, Ингилистон, Лаҳистон ва Ҳолланд барои қабули чандин ҳазор нафар коргарони ҷумҳурӣ омода будани худро изҳор кардаанд, вале "даъват оммавӣ нест ва нахохад шуд".
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд.
Латифов муътақид аст, ки иқдомоти мақомоти Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират одилона буда, фасодкорӣ дар заминаи сабти номи коргарони хориҷӣ бояд аз байн бурда шавад.
Дар ҳамин ҳол, бозгашти оммавии муҳоҷирон аз Федератсияи Русия метавонад ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои худи Русия мушкилоти муайяне эҷод кунад, зеро на ҳама дар ватани худ кор пайдо мекунанд.
Агар ин масъала ҳал нашавад, "хатари ба огуши Ғарб тела додани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки гӯё ба шаҳрвандони тоҷик кор пешниҳод мекунад" - шарҳ дод собиқ мансабдор.
"Зарур аст, ки коргарон бо ягон касб ба Русия раванд, онҳоро омода кардан лозим аст, ки қонунҳои Федератсияи Русия дар соҳаи меҳнат ва умуман қонунҳои кишварро донанд", - қайд кард Латифов.
Соли ҷорӣ дар Русия ба қонунгузории муҳоҷират тағйирот ворид карда шуд, аз ҷумла, низоми ихроҷи хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия бидуни асосҳои қонунӣ қарор доранд, ҷорӣ карда шуд. Мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба ин кишвар омадаанд, дар давоми сол низ то 90 рӯз кам карда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 шумори муҳоҷирони кории аз ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия рафтан дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои вазорат, дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонун аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ шудаанд.