https://sputnik.tj/20250501/bonki-milli-narkhho-bozorho-mohi-mart-bolo-raftand-1067180659.html
Бонки миллӣ шарҳ дод, ки чаро нархҳо дар бозорҳо дар моҳи март боло рафтанд
Бонки миллӣ шарҳ дод, ки чаро нархҳо дар бозорҳо дар моҳи март боло рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи гузориши ахири Бонки миллии Тоҷикистон нархҳо дар бозорҳои кишвар бо сабаби зиёд шудани талабот ба молу маҳсулоти истеъмолӣ боло рафтааст
2025-05-01T09:36+0500
2025-05-01T09:36+0500
2025-05-02T19:05+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
иқтисод
нарх
бозор
болоравии нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:334:2716:1862_1920x0_80_0_0_9a82c9d7c02e3faac84c1f6355890a0f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik.Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар сохтори таваррум дар моҳи март нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1% боло рафтааст.Ба иттилои бонки танзимгар болоравии нарх аз ҳисоби қиматшавии нархи ангур (22,3%), сабзӣ (20,4%), лиму (17,5%), қаламфури булғорӣ (17%), бодиринг (10,9%), нок (7%), себ (6,8%), тухм (6,1%), помидор (5,8%), карам (4,6%) ва сурат гирифтааст.Бонки миллӣ қайд кардааст, ки дар моҳи март ба болоравии сатҳи нархҳо бештар омилҳои мавсимӣ ва зиёд шудани талабот ба молу маҳсулоти истеъмолӣ, бинобар таҷлили идҳо таъсири худро расониданд.Дар баробари ин, коҳишёбии нархи кабудӣ 13,1%, орди навъи якум 1,8%, шакар 0,6%, гӯшти мурғ 0,3% ба назар расид.Нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи март нисбатан болоравӣ дошта 0,1%-ро (бо саҳми ночиз) ташкил намуд, ки асосан аз ҳисоби болоравии нархи либос ва пойафзол 0,5%, омехтакунанда (атсетон) 0,3%, тахтасанги сафолӣ 0,2% ва ғайра ба амал омад.Ин дар ҳолест, ки арзиши хизматрасониҳои пулӣ, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, дар ин моҳ 0,6% раванди афзоишёбӣ дошт.Болоравии мазкур асосан дар натиҷаи афзоиш ёфтани нархи хизматрасонии почта 16,4%, меҳмонхонаҳо 4,7%, нақлиёт 0,7% ва иҷораи хона 0,2% ба амал омад.
https://sputnik.tj/20250430/tojikiston-kishvarhoi-idm-kamtarin-tavarrum-qayd-1067178424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_ad83dd8e8a3bd15192819623d09df293.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, нарх, бозор, болоравӣ, март, сабаб
тоҷикистон, бонки миллӣ, нарх, бозор, болоравӣ, март, сабаб
Бонки миллӣ шарҳ дод, ки чаро нархҳо дар бозорҳо дар моҳи март боло рафтанд
09:36 01.05.2025 (Навсозишуда: 19:05 02.05.2025) Тибқи гузориши ахири Бонки миллии Тоҷикистон нархҳо дар бозорҳои кишвар бо сабаби зиёд шудани талабот ба молу маҳсулоти истеъмолӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik.Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар сохтори таваррум дар моҳи март нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1% боло рафтааст.
Ба иттилои бонки танзимгар болоравии нарх аз ҳисоби қиматшавии нархи ангур (22,3%), сабзӣ (20,4%), лиму (17,5%), қаламфури булғорӣ (17%), бодиринг (10,9%), нок (7%), себ (6,8%), тухм (6,1%), помидор (5,8%), карам (4,6%) ва сурат гирифтааст.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки дар моҳи март ба болоравии сатҳи нархҳо бештар омилҳои мавсимӣ ва зиёд шудани талабот ба молу маҳсулоти истеъмолӣ, бинобар таҷлили идҳо таъсири худро расониданд.
Дар баробари ин, коҳишёбии нархи кабудӣ 13,1%, орди навъи якум 1,8%, шакар 0,6%, гӯшти мурғ 0,3% ба назар расид.
Нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи март нисбатан болоравӣ дошта 0,1%-ро (бо саҳми ночиз) ташкил намуд, ки асосан аз ҳисоби болоравии нархи либос ва пойафзол 0,5%, омехтакунанда (атсетон) 0,3%, тахтасанги сафолӣ 0,2% ва ғайра ба амал омад.
Ин дар ҳолест, ки арзиши хизматрасониҳои пулӣ, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, дар ин моҳ 0,6% раванди афзоишёбӣ дошт.
Болоравии мазкур асосан дар натиҷаи афзоиш ёфтани нархи хизматрасонии почта 16,4%, меҳмонхонаҳо 4,7%, нақлиёт 0,7% ва иҷораи хона 0,2% ба амал омад.