https://sputnik.tj/20250224/baor-sathi-tavarrum-tojikiston-surat-megirad-1066347360.html
БАОР пешгӯӣ дорад, ки то охири соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон суръат мегирад
БАОР пешгӯӣ дорад, ки то охири соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон суръат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони БАОР мегӯянд, дар шароити устувории қурби пули миллӣ ва мавҷуд набудани фишори ҷиддии таваррум афзоиши нарх мӯътадил боқӣ мемонад
2025-02-24T16:59+0500
2025-02-24T16:59+0500
2025-02-24T17:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
таваррум
баор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_0:105:1999:1229_1920x0_80_0_0_5ce33edcd3561f9a6a5d09b48fcbf824.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) мизони таваррум дар Тоҷикистон, ки дар соли 2024, тибқи маълумоти расмӣ, 3,6 дарсад буд, то поёни соли 2025 тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт.Ба иттилои ҳамин манбаъ, мохи январь дар Тоҷикистон нархҳои истеъмолӣ назар ба як сол 3,6 фоиз афзуд.Ба иттилоои коршиносони БАОР ин ба сатҳи моҳи декабри соли 2024 мувофиқат мекунад, аммо нисбат ба моҳи ноябр (4,1%) камтар аст."Дар шароити устувории қурби пули миллӣ ва мавҷуд набудани фишори ҷиддии таваррум аз нархи воридот афзоиши нарх мӯътадил боқӣ мемонад. Мо интизорем, ки тақозои қавии дохилӣ то охири соли 2025 ба сураъти рушди таваррум оварда мерасонад, дар ҳоле ки он дар доираи ҳадафҳои навшудаи Бонки миллии Тоҷикистон – 5% плюс ё минус 2% боқӣ мемонад", — гуфта мешавад дар гузориши БОР.Сатҳи таваррум дар кишвар дар соли 2023 аз 4,2%-и соли 2022 то 3,8% коҳиш ёфт.Ёдовар мешавем, ки чаде пеш вазири иқтисоди Тоҷикистон хабар дода буд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар соли 2024 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъмин гардид.Ба иттилои вазорат дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтааст.Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.“Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20%, кишоварзӣ 10,6%, гардиши савдо 13,6%, мусофиркашонӣ 13,4%, хизматрасонии пулакӣ 13%, боркашонӣ 11,5%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4% таъмин гардид”, - қайд кардааст вазорат.Вазоарт қайд кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст.Таваррум дар ин давра ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 4,8% ташаккул ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230317/sath-tavarrum-istemol-tojikiston-garon-1055590577.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_112:0:1889:1333_1920x0_80_0_0_2cb846a77a586e1bda8e66ebb9f02cb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, баор, иқтисод, таваррум, блонк, афзоиш
тоҷикистон, баор, иқтисод, таваррум, блонк, афзоиш
БАОР пешгӯӣ дорад, ки то охири соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон суръат мегирад
16:59 24.02.2025 (Навсозишуда: 17:59 24.02.2025) Коршиносони БАОР мегӯянд, дар шароити устувории қурби пули миллӣ ва мавҷуд набудани фишори ҷиддии таваррум афзоиши нарх мӯътадил боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) мизони таваррум дар Тоҷикистон, ки дар соли 2024, тибқи маълумоти расмӣ, 3,6 дарсад буд, то поёни соли 2025 тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, мохи январь дар Тоҷикистон нархҳои истеъмолӣ назар ба як сол 3,6 фоиз афзуд.
Ба иттилоои коршиносони БАОР ин ба сатҳи моҳи декабри соли 2024 мувофиқат мекунад, аммо нисбат ба моҳи ноябр (4,1%) камтар аст.
"Дар шароити устувории қурби пули миллӣ ва мавҷуд набудани фишори ҷиддии таваррум аз нархи воридот афзоиши нарх мӯътадил боқӣ мемонад. Мо интизорем, ки тақозои қавии дохилӣ то охири соли 2025 ба сураъти рушди таваррум оварда мерасонад, дар ҳоле ки он дар доираи ҳадафҳои навшудаи Бонки миллии Тоҷикистон – 5% плюс ё минус 2% боқӣ мемонад", — гуфта мешавад дар гузориши БОР.
Сатҳи таваррум дар кишвар дар соли 2023 аз 4,2%-и соли 2022 то 3,8% коҳиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки чаде пеш вазири иқтисоди Тоҷикистон хабар дода буд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар соли 2024 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъмин гардид.
Ба иттилои вазорат дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
“Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20%, кишоварзӣ 10,6%, гардиши савдо 13,6%, мусофиркашонӣ 13,4%, хизматрасонии пулакӣ 13%, боркашонӣ 11,5%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4% таъмин гардид”, - қайд кардааст вазорат.
Вазоарт қайд кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст.
Таваррум дар ин давра ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 4,8% ташаккул ёфтааст.