Оверчук: Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар ҳудуди ИИАО бештар аз 90% аст

© Sputnik / Светлана ШевченкоЗаместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2025
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Русия тавзеҳ дод, ки вазъ дар кишварҳои мухталифи узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дигар аст – барои мисол бо Беларус ин рақам ба 98% мерасад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба 91% расид.
Дар ин бора Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия, дар ҳошияи нишасти Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Тошканд изҳор дошт.
Вай дар баробари ин кайд кард, ки ин вазъият дар кишварҳои мухталиф ба таври гуногун рушд мекунад.
"Ин ҳолат дар кишварҳои мухталиф фарқ мекунад. Табиист, ки дар Беларус ин фоиз баландтарин аст - 98%", - гуфт ӯ.
Қаблан муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук изҳор дошт, ки дар 4 соли охир саҳми тиҷорати байналмилалии Русия бо асъори миллӣ се баробар афзоиш ёфтааст.
Долларовые купюры  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2025
Қарзи хориҷии ИИАО 26 млрд доллар коҳиш ёфт
Татбиқи амалии ҳисоббаробаркуниҳои бо шарикони хориҷӣ бо асъори миллӣ ин натиҷаи истифодаи доллар ҳамчун силоҳи иқтисодӣ аст.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар доираи ИИАО ҳаҷми асосии муомилот ба рубли русӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли гузашта сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ИИАО дар дарозмуддат имзо карданд, ки он “Роҳи иқтисодии АвруОсиё” ном дошт.
Лентаи хабарҳо
0