https://sputnik.tj/20250429/qarzi-khorijii-iiao-26-mlrd-dollar-kohish-yoft-1067168521.html
Қарзи хориҷии ИИАО 26 млрд доллар коҳиш ёфт
Қарзи хориҷии ИИАО 26 млрд доллар коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Комиссия иқтисодии АвруОсиё ахиран дар бораи коҳиши қарзи берунаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
2025-04-29T18:59+0500
2025-04-29T18:59+0500
2025-04-29T18:59+0500
ииао
авруосиё
қарзҳо
хориҷӣ
коҳиш
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:164:3071:1891_1920x0_80_0_0_94023a0525e5ff60ff687e219f18a24a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарзи хориҷии кишварҳои узви ИИАО дар маҷмӯъ 26 млрд доллар ё 4,9% коҳиш ёфтааст.Камшавии қарзи беруна ба ҳолати 1 январи соли 2025 (нисбат ба соли гузашта) дар аксари кишварҳои ИИАО ва нисбат ба ММД ба қайд гирифта шудааст.Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки чунин коҳишёбии қарзи хориҷӣ дар кишварҳои узв дар соли 2016 то 2018 ба қайд гирифта шуда буд.Ба гуфтаи ин комиссия, ҳаҷми қарзи хориҷии миллӣ дар Русия (8,8%) ва Беларус (4,4%) коҳиш ёфт.Қайд карда шудааст, ки дар Русия қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД беш аз 2 маротиба коҳиш ёфтааст.Дар баробари ин, бештарин пӯшонидани қарзи хориҷӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ таъмин карда шудааст.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20250428/komissiyai-iqtisodii-avurosiyo-tasiri-iiao-ba-osiyoi-markaziro-musbat-khond-1067152984.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_839cbd97bc01c2a6e91708e58a370329.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, қарзи хориҷӣ, коҳиш, иқтисод
ииао, авруосиё, қарзи хориҷӣ, коҳиш, иқтисод
Қарзи хориҷии ИИАО 26 млрд доллар коҳиш ёфт
Комиссия иқтисодии АвруОсиё ахиран дар бораи коҳиши қарзи берунаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарзи хориҷии кишварҳои узви ИИАО дар маҷмӯъ 26 млрд доллар ё 4,9% коҳиш ёфтааст.
Камшавии қарзи беруна ба ҳолати 1 январи соли 2025 (нисбат ба соли гузашта) дар аксари кишварҳои ИИАО ва нисбат ба ММД ба қайд гирифта шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки чунин коҳишёбии қарзи хориҷӣ дар кишварҳои узв дар соли 2016 то 2018 ба қайд гирифта шуда буд.
Ба гуфтаи ин комиссия, ҳаҷми қарзи хориҷии миллӣ дар Русия (8,8%) ва Беларус (4,4%) коҳиш ёфт.
Қайд карда шудааст, ки дар Русия қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД беш аз 2 маротиба коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин, бештарин пӯшонидани қарзи хориҷӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ таъмин карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.