Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam”

© SputnikТурнир Большого шлема в Душанбе
Турнир Большого шлема в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар мусобиқа байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки аз 11-13-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шаш ҷудокори тоҷик иштирок хоҳад кард.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ қарор аст, 236 ҷудокор (163 мард, 73 зан) аз 33 давлати ҷаҳон иштирок намояд.
Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохиланд, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд:
66 кг - Обид Ҷебов
73 кг - Беҳрӯзи Хочазода
73 кг – Абубакр Шеров
90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
90 кг – Умедҷон Раҷабов
100 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе нахустин чемпионати ҷаҳони ҷудо байни ҷавонон чӣ гуна гузашт?  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2024
Дар Душанбе нахустин чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо байни ҷавонон чӣ гуна гузашт? -видео
Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.
Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ соҳиби имтиёз мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар шомил буд.
Лентаи хабарҳо
0