https://sputnik.tj/20240516/barrasi-bunyod-nerugoh-khurd-hastai-markazi-tibbi-tojikiston-1062858355.html
Баррасии бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ ва маркази тиббии ядроӣ дар Тоҷикистон
Баррасии бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ ва маркази тиббии ядроӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз тарҳҳое гуфт, ки татбиқашон бо корхонаи русиягии "Росатом" дар ҳоли баррасӣ қарор дорад
2024-05-16T18:13+0500
2024-05-16T18:13+0500
2024-05-16T18:13+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
нерӯгоҳ
ҳастаӣ
росатом
саноат
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102286/09/1022860926_0:23:4928:2795_1920x0_80_0_0_09bb4f2de021b5954492bbde50d5e529.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо ширкати "Росатом" дар мавриди бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ гуфтушунид доранд. Ин нуктаро муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар доираи муколамаи саноатии "Русия - Тоҷикистон" баён дошт. Таъсиси маркази тибби ҳастаӣ, бартарафсозии хатари партовгоҳҳои ҳастаӣ ва бунёди парки технологӣ аз тарҳҳои дигаре арзёбӣ шуданд, ки миёни мақомоти Тоҷикистону Русия дар ҳоли баррасиянд. Муколамаи саноатии "Русия - Тоҷикистон" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" дар маркази Тотористон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш баробари мақомдорони баландпояи ду кишвар ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок дошта, дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо изҳори назар карданд. Азиз Назар зикр намуд, ки гардиши коло миёни ду кишвар тамоюли зиёдшавӣ дошта, соли гузашта беш аз 1,7 млрд долларро ташкил дод. Вай афзуд, ки барои соҳибкорону сармоягузорони русиягӣ шароит фароҳам буда, ҷониби Душанбе омода барои таҳкими ҳамкориҳо шароити мусоид фароҳам орад. Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" дар Тоҷикистон идома дорад. Созмондиҳандагон онро платформаи асосии ҳамкории иқтисодии Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом медонанд, ки намояндагони зиёда аз 80 кишвар дар он иштирок доранд.
https://sputnik.tj/20240516/putin-rusiya-chin-sari-iiao-kamarband-idoma-1062853785.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102286/09/1022860926_296:0:4669:3280_1920x0_80_0_0_30f6794f879fa5405716a670daea4e17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бунёд, хурд, тоҷикистон, нерӯгоҳ, хурд, ҳастаӣ
бунёд, хурд, тоҷикистон, нерӯгоҳ, хурд, ҳастаӣ
Баррасии бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ ва маркази тиббии ядроӣ дар Тоҷикистон
Ноиби вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз тарҳҳое гуфт, ки татбиқашон бо корхонаи русиягии "Росатом" дар ҳоли баррасӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо ширкати "Росатом" дар мавриди бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ гуфтушунид доранд.
Ин нуктаро муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар доираи муколамаи саноатии "Русия - Тоҷикистон" баён дошт.
Таъсиси маркази тибби ҳастаӣ, бартарафсозии хатари партовгоҳҳои ҳастаӣ ва бунёди парки технологӣ аз тарҳҳои дигаре арзёбӣ шуданд, ки миёни мақомоти Тоҷикистону Русия дар ҳоли баррасиянд.
Муколамаи саноатии "Русия - Тоҷикистон" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" дар маркази Тотористон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш баробари мақомдорони баландпояи ду кишвар ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок дошта, дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо изҳори назар карданд.
Азиз Назар зикр намуд, ки гардиши коло миёни ду кишвар тамоюли зиёдшавӣ дошта, соли гузашта беш аз 1,7 млрд долларро ташкил дод. Вай афзуд, ки барои соҳибкорону сармоягузорони русиягӣ шароит фароҳам буда, ҷониби Душанбе омода барои таҳкими ҳамкориҳо шароити мусоид фароҳам орад.
Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" дар Тоҷикистон идома дорад.
Созмондиҳандагон онро платформаи асосии ҳамкории иқтисодии Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом медонанд, ки намояндагони зиёда аз 80 кишвар дар он иштирок доранд.