https://sputnik.tj/20250429/sel-kuhiston-mastchoh-masjidro-kharob-mekard-1067160324.html
Сел дар Кӯҳистони Мастчоҳ қариб як масҷидро хароб мекард
Сел дар Кӯҳистони Мастчоҳ қариб як масҷидро хароб мекард
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, хавфи омадани сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон то охири моҳи равон боқӣ мемонад 29.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-29T11:59+0500
2025-04-29T11:59+0500
2025-04-29T12:21+0500
дар тоҷикистон
сел
кӯҳистони мастчоҳ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067162249_0:0:900:506_1920x0_80_0_0_9778af8ebdc3ee52f1693fc2877101f0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари омадани сел бинои як масҷид хариб зери об мемонд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ дод.Бар хабари манбаъ, бар асари гармшавии ҳаво ва об шудани барф обанбори дар наздикии деҳа қарор дошта рахна шуд.Дар натиҷа сел роҳҳои маҳаллиро зери об монд.Илова бар ин, 2 бинои истиқоматӣ, 1 бинои масҷид ва 8 бинои ёрирасони сокинон зери хатари обхезӣ қарор доранд.Манбаъ афзуд, феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда кор мекунад.Дар ҳамин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ёдовар шуд, ки хавфи омадани сел то охири моҳи апрел боқӣ мемонад.Ин ниҳод аз сокинон хост, барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуши офати табиӣ, қаблан селроҳаҳо ва заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза кунанд. Инчунин дархост намуд, ки дар рӯзҳои хатарнок ба кӯҳу дара барои чаронидани чорво, ҷамъ кардани алафу ҳезум ва дигар корҳои хоҷагӣ нараванд.
https://sputnik.tj/20250422/zaminlarza-sel-sangrezi-tojikiston-ofatho-tabii-1067075313.html
кӯҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067162249_70:0:870:600_1920x0_80_0_0_b457307b0dd14aa53b93d8e8cb621aef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сел, кӯҳистони мастчоҳ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, офати табиӣ
дар тоҷикистон, сел, кӯҳистони мастчоҳ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, офати табиӣ
Сел дар Кӯҳистони Мастчоҳ қариб як масҷидро хароб мекард
11:59 29.04.2025 (Навсозишуда: 12:21 29.04.2025) Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, хавфи омадани сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон то охири моҳи равон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари омадани сел бинои як масҷид хариб зери об мемонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бар хабари манбаъ, бар асари гармшавии ҳаво ва об шудани барф обанбори дар наздикии деҳа қарор дошта рахна шуд.
Дар натиҷа сел роҳҳои маҳаллиро зери об монд.
Илова бар ин, 2 бинои истиқоматӣ, 1 бинои масҷид ва 8 бинои ёрирасони сокинон зери хатари обхезӣ қарор доранд.
Манбаъ афзуд, феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда кор мекунад.
Дар ҳамин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ёдовар шуд, ки хавфи омадани сел то охири моҳи апрел боқӣ мемонад.
Ин ниҳод аз сокинон хост, барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуши офати табиӣ, қаблан селроҳаҳо ва заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза кунанд. Инчунин дархост намуд, ки дар рӯзҳои хатарнок ба кӯҳу дара барои чаронидани чорво, ҷамъ кардани алафу ҳезум ва дигар корҳои хоҷагӣ нараванд.