https://sputnik.tj/20250429/raisi-parlumoni-tojikiston-muhofizoni-tojiki-stalingrad-giromi-1067168328.html
Раиси парлумони Тоҷикистон муҳофизони тоҷики Сталинградро гиромӣ дошт
Раиси парлумони Тоҷикистон муҳофизони тоҷики Сталинградро гиромӣ дошт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси парлумони Тоҷикистон дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуд
2025-04-29T17:59+0500
2025-04-29T17:59+0500
2025-04-29T17:59+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳорибаи сталинград
раиси парлумон
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067167508_0:149:731:560_1920x0_80_0_0_8cd06f4dbaa5e01565db565845eac576.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии "Мероси бузург – ояндаи муштарак" дар шаҳри Волгогради Русия иштирок дорад.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.Ҳайати парлумонии Тоҷикистон баъд аз он ки вориди шаҳри Волгоград шуд, дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуданд.Сипас ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маҷмааи ёдгории таърихии "Қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград" хотираи нафарони дар ин ҷанг ҳалокшударо гиромӣ дошта, бо экспонатҳои музей, ки бозгуйи аҳамияти муҳорибаи Сталинград дар таърихи ҷаҳон ва қаҳрамониҳои фарзандони далери халқи тоҷик дар сафи Армияи Сурх барои озод кардани Сталинград мебошанд, шинос шуданд.Ёдовар мешавем, ки садҳо зодагони Тоҷикистон дар майдони муҳорибаҳо далерию шуҷоат нишон дода, шумораи зиёди онҳо дар роҳи муҳофизати Сталинград ва таъмини Ғалабаи бузург ҷони худро нисор намуданд.Манбаъ қайд кардааст, ки корнамоии онҳо як қисми мероси умумии таърихӣ аст, ки халқҳои Иттиҳоди Шуравиро ба ҳам мепайвандад.Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори бахши форум таҳти унвони "Ҳифз ва ҳимояи хотираи умумии таърихӣ", ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалии башардӯстона, ҳифзи ҳақиқат дар хусуси набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифу таърих баррасӣ шуданд, иштирок намуд.Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии "Мероси бузург – ояндаи муштарак" дар шаҳри Волгоград ба 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки дастоварди нодир ва самари дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст, бахшида шудааст.
https://sputnik.tj/20250429/raisi-dumai-davlatii-rusiya-sahmi-tojikon-ghalaba-1067166918.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067167508_23:51:750:596_1920x0_80_0_0_813267e40f2138ce650fb0c7abc7bba6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ғалаба, парлумон, раиси парлумон, гиромӣ, сталдинград
тоҷикистон, русия, ғалаба, парлумон, раиси парлумон, гиромӣ, сталдинград
Раиси парлумони Тоҷикистон муҳофизони тоҷики Сталинградро гиромӣ дошт
Раиси парлумони Тоҷикистон дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии "Мероси бузург – ояндаи муштарак" дар шаҳри Волгогради Русия иштирок дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон баъд аз он ки вориди шаҳри Волгоград шуд, дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуданд.
Сипас ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маҷмааи ёдгории таърихии "Қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград" хотираи нафарони дар ин ҷанг ҳалокшударо гиромӣ дошта, бо экспонатҳои музей, ки бозгуйи аҳамияти муҳорибаи Сталинград дар таърихи ҷаҳон ва қаҳрамониҳои фарзандони далери халқи тоҷик дар сафи Армияи Сурх барои озод кардани Сталинград мебошанд, шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки садҳо зодагони Тоҷикистон дар майдони муҳорибаҳо далерию шуҷоат нишон дода, шумораи зиёди онҳо дар роҳи муҳофизати Сталинград ва таъмини Ғалабаи бузург ҷони худро нисор намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки корнамоии онҳо як қисми мероси умумии таърихӣ аст, ки халқҳои Иттиҳоди Шуравиро ба ҳам мепайвандад.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори бахши форум таҳти унвони "Ҳифз ва ҳимояи хотираи умумии таърихӣ", ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалии башардӯстона, ҳифзи ҳақиқат дар хусуси набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифу таърих баррасӣ шуданд, иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии "Мероси бузург – ояндаи муштарак" дар шаҳри Волгоград ба 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки дастоварди нодир ва самари дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст, бахшида шудааст.