https://sputnik.tj/20250428/komissiyai-iqtisodii-avurosiyo-tasiri-iiao-ba-osiyoi-markaziro-musbat-khond-1067152984.html
Комиссияи иқтисодии АвурОсиё таъсири ИИАО ба Осиёи Марказиро мусбат хонд
Комиссияи иқтисодии АвурОсиё таъсири ИИАО ба Осиёи Марказиро мусбат хонд
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегяд, ки ИИАО ба рушди устувори минтақаиҳои АвруОсиё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири мусбӣ мегузорад
2025-04-28T16:49+0500
2025-04-28T16:49+0500
2025-04-28T16:49+0500
осиёи марказӣ
русия
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/05/1065765674_0:96:1024:672_1920x0_80_0_0_94ce41003c1cb6bd33b66384081f8d68.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд.Дар ин бора вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Бахит Султонов дар ҷаласаи ЭСКАТО дар Бангкок изҳор доштааст.Ба гуфтаи оқои Султонов ИИАО ба рушди устувори минтақаи Авруосиё тавассути таъмини ҳаракати озоди молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ, рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ташаккули шабакаи самарабахши нақлиётию логистикӣ мусоидат кардааст.Дар ҷараёни ҷаласа Бахит Султонов бо муовини Дабири кулли СММ ва Дабири иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсия Алисҷаҳбана мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устуворро баррасӣ намуданд.Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳавасмандии ЭСКАТО-ро ба густариши ҳамкорӣ бо КИАО ва кишварҳои узви ИИАО изҳор намуд.Ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳоро барои рафъи чолишҳои муосир ва мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ қайд карданд.КИАО ва ЭСКАТО ба имзои як ёддошти нави тафоҳум омода мешаванд, ки афзалиятҳо ва ҳадафҳои навшудаи шарикиро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20250425/novak-rusiya-tavseai-ravobit-iiao-eron-1067121361.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/05/1065765674_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_5198d72c5ff3f545c9d8f2d0a2235b17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, комиссияи иқтисодии авруосиё, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ
русия, ииао, комиссияи иқтисодии авруосиё, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ
Комиссияи иқтисодии АвурОсиё таъсири ИИАО ба Осиёи Марказиро мусбат хонд
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегяд, ки ИИАО ба рушди устувори минтақаиҳои АвруОсиё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири мусбӣ мегузорад
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Дар ин бора вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Бахит Султонов дар ҷаласаи ЭСКАТО дар Бангкок изҳор доштааст.
Ба гуфтаи оқои Султонов ИИАО ба рушди устувори минтақаи Авруосиё тавассути таъмини ҳаракати озоди молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ, рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ташаккули шабакаи самарабахши нақлиётию логистикӣ мусоидат кардааст.
Дар ҷараёни ҷаласа Бахит Султонов бо муовини Дабири кулли СММ ва Дабири иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсия Алисҷаҳбана мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устуворро баррасӣ намуданд.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳавасмандии ЭСКАТО-ро ба густариши ҳамкорӣ бо КИАО ва кишварҳои узви ИИАО изҳор намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳоро барои рафъи чолишҳои муосир ва мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ қайд карданд.
КИАО ва ЭСКАТО ба имзои як ёддошти нави тафоҳум омода мешаванд, ки афзалиятҳо ва ҳадафҳои навшудаи шарикиро дар бар мегирад.