https://sputnik.tj/20250429/ob-zakhira-nohiyai-dushanbe-intiqoli-ob-qat-1067158885.html
Об захира кунед: Дар се ноҳияи Душанбе интиқоли об қатъ мегардад
Об захира кунед: Дар се ноҳияи Душанбе интиқоли об қатъ мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар бархе аз шаҳраку маҳалҳои пойтахти кишвар интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
2025-04-29T09:36+0500
2025-04-29T09:36+0500
2025-04-29T11:48+0500
дар тоҷикистон
оби нӯшокӣ
қатъ
қатъи обрасонӣ
душанбе
шаҳрдории душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067158009_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_6d8942ec73263b0c48b2f8d03b098006.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар бархе аз шаҳраку маҳалҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 29 апрели соли 2025 то соати 23-00 рӯзи 30 апрели соли 2025 қатъ мегардад.Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории шаҳри Душанбе хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки обӣ нӯшокӣ дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгадридаи КВД “Обу корези Душанбе” қатъ мегардад.Таъкид шудааст, ки интиқоли оби нӯғшокӣ бо мақсади иваз намудани луқидони қутраш 600мм дар истгоҳи обтаъминкунии "Фишорӣ" ва луқидони қутраш 600мм-и қубури самти Зарафшон дар кӯчаи А.Навоӣ (обанбори Меҳробод) ва пайваст намудани қубурҳои лоиҳавӣ ба қубурҳои мавҷуда дар ноҳияи Сино, қатъ мегардад.Шаҳрдорӣ хабар додааст, ки интиқоли дар маҳалаҳои зерин қатъ мегардад.Дар ноҳияи Сино;шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибои, Гиҷдалабо ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;Ноҳияи И.Сомонӣ;кӯчаҳои Хуҷамбиёи боло, поён, Шафақ, А. Мухтор, Нодира;Ноҳияи Фирдавсӣ;кӯчаҳои А.Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то хонаи №36, хиёбони С.Шерозӣ то хонаи №24.Ҳамчунин шаҳрдорӣ хабар додааст, ки дар кӯчаҳои А. Дониш ва Дӯстии халқҳои ноҳияи Шоҳмансур ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад.Сабаби маҳдудияти ҳаракат оғози корҳои кандани замин дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А. Дониш пеш аз кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва шафати бинои боғчаи “Шаҳри зебои мо” мебошад, ки аз 29 апрели соли 2025 то 15 майи соли 2025 амалӣ мегардад.Ҳамчунин таъкид карда шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан интиқоли оби нӯшокӣ дар ин суроғаҳо низ қатъ карда мешавад.Шаҳрдорӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.
https://sputnik.tj/20250302/dar-dushanbe-masalai-dastrasi-ba-obi-tozai-oshomidani-barrasi-shud-1066418453.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067158009_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_68961a13861dcfe101d19750c494df1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, оби нӯшокӣ, интиқоли об, қатъ, эълон, шаҳрдорӣ
тоҷикистон, душанбе, оби нӯшокӣ, интиқоли об, қатъ, эълон, шаҳрдорӣ
Об захира кунед: Дар се ноҳияи Душанбе интиқоли об қатъ мегардад
09:36 29.04.2025 (Навсозишуда: 11:48 29.04.2025) Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар бархе аз шаҳраку маҳалҳои пойтахти кишвар интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар бархе аз шаҳраку маҳалҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 29 апрели соли 2025 то соати 23-00 рӯзи 30 апрели соли 2025 қатъ мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории шаҳри Душанбе хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки обӣ нӯшокӣ дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгадридаи КВД “Обу корези Душанбе” қатъ мегардад.
Таъкид шудааст, ки интиқоли оби нӯғшокӣ бо мақсади иваз намудани луқидони қутраш 600мм дар истгоҳи обтаъминкунии "Фишорӣ" ва луқидони қутраш 600мм-и қубури самти Зарафшон дар кӯчаи А.Навоӣ (обанбори Меҳробод) ва пайваст намудани қубурҳои лоиҳавӣ ба қубурҳои мавҷуда дар ноҳияи Сино, қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ хабар додааст, ки интиқоли дар маҳалаҳои зерин қатъ мегардад.
шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибои, Гиҷдалабо ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
кӯчаҳои Хуҷамбиёи боло, поён, Шафақ, А. Мухтор, Нодира;
кӯчаҳои А.Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то хонаи №36, хиёбони С.Шерозӣ то хонаи №24.
Ҳамчунин шаҳрдорӣ хабар додааст, ки дар кӯчаҳои А. Дониш ва Дӯстии халқҳои ноҳияи Шоҳмансур ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад.
Сабаби маҳдудияти ҳаракат оғози корҳои кандани замин дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А. Дониш пеш аз кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва шафати бинои боғчаи “Шаҳри зебои мо” мебошад, ки аз 29 апрели соли 2025 то 15 майи соли 2025 амалӣ мегардад.
Ҳамчунин таъкид карда шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан интиқоли оби нӯшокӣ дар ин суроғаҳо низ қатъ карда мешавад.
Шаҳрдорӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.