https://sputnik.tj/20250302/dar-dushanbe-masalai-dastrasi-ba-obi-tozai-oshomidani-barrasi-shud-1066418453.html
Дар Душанбе масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба таъмини аҳолӣ бо захираҳои об конфронси вижаи иқлим баргузор шуд
2025-03-02T16:54+0500
2025-03-02T16:54+0500
2025-03-03T11:37+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
об
гармшавии иқлим
обшавии пиряхҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102506/28/1025062874_0:107:3261:1941_1920x0_80_0_0_9b35ff1073b1c092e33a779228b7e3fd.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Таъмини мардуми Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ 4 баробар кам шудааст. Дар ин бора зимни конфронсе дар шаҳри Душанбе таҳти унвони "Бардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навоварӣ дар идоракунии захираҳои об ва мониторинги пиряхҳо" маълум шуд. Ин чорабинӣ ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бахшида шуда, онро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ташкил кардааст.Об ва иқлим ба ҳам зич алоқаманданд, гуфт муовини сардори Вазорати энергетика Ҷамшед Шоимзода зимни конфронс. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, обшавии пиряхҳо боиси коҳиши захираҳои оби ҷаҳон шудааст.Ҳамин тариқ, таъминоти оби ошомиданӣ ба як нафар дар Осиёи Марказӣ ҳоло 4 маротиба – аз 8,4 ҳазор метри мукааб дар соли 1960 ба 2,1 ҳазор кам шудааст. Дар ин росто, махсусан муҳим аст, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари ташаббускор, навовар ва бонуфуз дар масъалаҳои обу иқлим дастгирӣ пайдо кардааст.Воқеан, маҳз ба шарофати ибтикори мақомот буд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эъломияе бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ва 21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард, таъкид шуд зимни конфронс. Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ ширкаткунандагон аз тағйири босуръати иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин метавонад боиси камбуди оби ошомиданӣ гардад.Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Бонки АвруОсиёии Рушд ташхиси инфрасохтори обтаъминкунӣ ва канализатсияи Осиёи Марказиро анҷом дод. Мутахассисони бонк муайян кардаанд, ки барои рушди устувор дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ кишварҳои минтақаро зарур аст, ки норасоиро дар маблағгузорӣ коҳиш диҳанд. Гуфта мешавад, ки дар ин бахш дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030. 0,4 миллиард доллар сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, коршиносони БОР ҳисоб кардаанд, ки ин ниёзҳои кишварро, ки 1,7 млрд долларро ташкил медиҳад, қонеъ намекунад.
https://sputnik.tj/20250219/korshinos-osiyoi-markazi-marhala-muzmin-norasoi-ob-rubaru-1066270711.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102506/28/1025062874_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_2a3c02ece6ea1fca44d19c5d91c3de7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе масъала дастрасӣ об тоза ошомиданӣ баррасӣ
душанбе масъала дастрасӣ об тоза ошомиданӣ баррасӣ
Дар Душанбе масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ баррасӣ шуд
16:54 02.03.2025 (Навсозишуда: 11:37 03.03.2025) Дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба таъмини аҳолӣ бо захираҳои об конфронси вижаи иқлим баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Таъмини мардуми Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ 4 баробар кам шудааст.
Дар ин бора зимни конфронсе дар шаҳри Душанбе таҳти унвони "Бардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навоварӣ дар идоракунии захираҳои об ва мониторинги пиряхҳо" маълум шуд.
Ин чорабинӣ ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бахшида шуда, онро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ташкил кардааст.
Об ва иқлим ба ҳам зич алоқаманданд, гуфт муовини сардори Вазорати энергетика Ҷамшед Шоимзода зимни конфронс.
Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, обшавии пиряхҳо боиси коҳиши захираҳои оби ҷаҳон шудааст.
Ҳамин тариқ, таъминоти оби ошомиданӣ ба як нафар дар Осиёи Марказӣ ҳоло 4 маротиба – аз 8,4 ҳазор метри мукааб дар соли 1960 ба 2,1 ҳазор кам шудааст.
Дар ин росто, махсусан муҳим аст, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари ташаббускор, навовар ва бонуфуз дар масъалаҳои обу иқлим дастгирӣ пайдо кардааст.
Воқеан, маҳз ба шарофати ибтикори мақомот буд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эъломияе бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ва 21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард, таъкид шуд зимни конфронс.
Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ ширкаткунандагон аз тағйири босуръати иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин метавонад боиси камбуди оби ошомиданӣ гардад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Бонки АвруОсиёии Рушд ташхиси инфрасохтори обтаъминкунӣ ва канализатсияи Осиёи Марказиро анҷом дод.
Мутахассисони бонк муайян кардаанд, ки барои рушди устувор дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ кишварҳои минтақаро зарур аст, ки норасоиро дар маблағгузорӣ коҳиш диҳанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин бахш дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030. 0,4 миллиард доллар сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, коршиносони БОР ҳисоб кардаанд, ки ин ниёзҳои кишварро, ки 1,7 млрд долларро ташкил медиҳад, қонеъ намекунад.