То 10 июн муҳлат дод: Боздиди Азим Иброҳим аз сохтмони иншоотҳои нақлиётӣ дар ВМКБ

© Foto / Министерство транспорта ТаджикистанаМинистр транспорта с рабочей поездкой посетил ГБАО
Министр транспорта с рабочей поездкой посетил ГБАО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2025
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмону таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими марбут ба соҳаи нақлиёт дар ВМКБ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазир тибқи дастуру супоришҳои президенти кишвар аз 24 то 26 апрел ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод ва дар он вазир бо ҷараёни сохтмону таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими марбут ба соҳаи нақлиёт шинос шуд.
Ба иттилои вазорат Азим Иброҳим ҳангоми шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи "Қалъаихум – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон", роҳи автомобилгард то маркази ноҳияи Ванҷ, бунёди бинои нави МД "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард" (ИХРА) дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, пули автомобилгард аз болои дарёи Ғунд, долони зиддитармавӣ дар минтақаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингард дар ҳамин мавзеъ аз болои Шорфдарё ва сохтмони роҳҳои нақшавии лоиҳаи "БРАМОМ-4" ба суръату сифати корҳо аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда баҳогузорӣ намуд.
Открытие двух мостов в Хатлонской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2025
Вазорати нақлиёт аз сохтмони чанд пул дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ ва Бадахшон эълон кард
Дар ҷаласаи сайёре, ки дар шаҳри Хоруғ баъд аз дидори иншоотҳо баргузор шуд, Вазири нақлиёт ба масъулин барои тезонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо ва то 10 июни соли 2025 бо сифати баланд ба анҷом расонидани онҳо супоришҳо дод.
Аз ҷумла Азим Иброҳим дар бораи иншоотҳои зерин супориш дод:

Қитъаи роҳи “Қалъаихум-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон:

корҳои сохтмонӣ дар тамоми қитъа вусъат дода шаванд;
сохтмони ҳама иншооти сунъӣ (пулҳо, долонҳо, такядеворҳо, қубурҳои обпарто, новаҳои кушод ва ҷӯйборҳои канорӣ) бо сифати баланд ва саривақт анҷом дода шаванд;
сохтмони нақби №1 пурра ба анҷом расонида, ҳаракати нақлиёт тавассути он таъмин карда шавад;
дар нақби №2 корҳои сохтмонӣ пурзӯр ва то анҷом ёфтани сохтмон роҳи таворавӣ ба масофаи 3,5 км ҳамвор ва мумфарш карда шавад;
суръати сохтмони новаҳои кушод тезонида шавад.
хати баландшиддати барқ, ки дар назди пули мавзеи Хехик ҷойгир аст, дар ҳамкорӣ бо ширкати "Pamir Energy" кӯчонида шавад;
тадбирҳои бехатарӣ дар сохтмони нақб ва пулҳо бояд тибқи талабот пурра таъмин карда шаванд.

Роҳи мошингард то маркази ноҳияи Ванҷ:

қитъаи мазкур пурра мумфарш карда шавад;
дар пули дорои як хати ҳаракат ҳаракати дутарафаи воситаҳои нақлиёт таъмин карда шавад;
сохтмони новаҳои кушод (5-7 адад) таъмин гардад.

Бинои нави ИХРА дар минтақаи Теми Хоруғ:

сохтмони бинои асосӣ, озмоишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон пурра анҷом дода шавад;
корҳои ободу сабзгардонӣ, инчунин низоми обёрӣ тибқи талаботи муҳандисӣ ба роҳ монда шавад;
роҳҳои дохилии ҳудуди бино мумфарш карда шаванд.

Пули мошингард аз болои дарёи Ғунд:

сохтмони роҳҳои пайвастшаванда ба пул бо дарозии умумии 1,1 км, аз ҷумла фарши роҳ, қабатҳои асос, новаҳо ва роҳравҳо анҷом дода шаванд;
қисмати мошингарди пул, насби сутунҳои равшанкунонӣ ва монеаҳои муҳофизатӣ ба анҷом расонида шаванд.

Долони зиддитармавӣ дар минтақаи Барсем:

корҳои боқимондаи долони зиддитармавӣ бо дарозии 100 метр пурра анҷом дода шаванд;
қисми болоии долон тибқи лоиҳа анҷом дода шавад.

Пули мошингард аз болои Шорфдарё:

корҳои заминии зери пул ва мустаҳкамкунии соҳилҳо тибқи нақша анҷом дода шаванд;
сохтмони роҳҳои пайвастшаванда ва қисми мошингарди пул ба анҷом расанд;
насби равшанӣ ва монеаҳои муҳофизатӣ иҷро шавад;
болорҳои пули мавҷуда таҷзия карда шуда, ба Раёсати ИХРА ВМКБ супорида шаванд.

Роҳҳои нақшавии лоиҳаи "БРАМОМ-4":

корҳои сохтмонӣ дар масири 4,5 км (1,1 км дар Хоруғ, 3,4 км дар мавзеи Барсем) ва 0,9 км роҳ то бинои нави ИХРА ба анҷом расонида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0