Мақомот даромади бахши алоқа дар Тоҷикистонро эълон кард

© AP / Gene J. PuskarВышка сотовой связи
Вышка сотовой связи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2025
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран аз афзоиши даромади ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Дар семоҳаи якуми соли 2025 даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ беш аз 1,1 млрд сомониро ташкил дод.
Дар ин бора Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа хабар дод.
Ба гуфтаи вай ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад.
“Аз ин теъдод 5,3 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,9 миллион нафар (53,8%)-ро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,7 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд”, - қайд кард Исфандиёри Саъдулло.
Здание службы связи при правительстве Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2025
Аз алоқаву интернет шикоят доред, занг занед: Хадамоти алоқа маркази тамос роҳандозӣ кард
Исфандиёри Саъдулло ҳамчунин дар ин ҷаласа зикр намуд, ки барои тақвият бахшидани фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, Хадамоти алоқа чанд вазифаи муҳимро дар давраи соли 2025 ба нақша гирифтааст
Лентаи хабарҳо
0