https://sputnik.tj/20250427/dushanbe-maskav-tashkili-markazi-hastaii-tibbi-tojikiston-1067134292.html
Душанбеву Маскав ташкили Маркази ҳастаии тиббӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ доранд
Душанбеву Маскав ташкили Маркази ҳастаии тиббӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Харитаи роҳ байни идораҳои давлатии Тоҷикистон ва "Росатом"-и Русия дар бораи таъсиси Маркази ҳастаии тиббӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаст
2025-04-27T10:24+0500
2025-04-27T10:24+0500
2025-04-27T10:24+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
марказ
тиббӣ
ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067124616_0:181:2974:1854_1920x0_80_0_0_3913e92cdfac1ce6555e33bb06617d9f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин дар Маскав гуфт, Русия ва Тоҷикистон сари масъалаи таъсиси Маркази ҳастаии тиббӣ дар ҷумҳурӣ кор хоҳанд кард.Вай илова кард, ки харитаи роҳ байни идораҳои давлатии Тоҷикистон ва "Росатом" дар бораи таъсиси ин марказ таҳия ва тасдиқ карда шудаст”, - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки Чанде пеш сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вориди Маскав шуда буд ва бо мақомоти олии Русия дидору гуфтугӯ кард.Зимни мулоқот бо ҳамтои русаш таъкид кард, ки тақвияти равобит бо Русия аз авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.Сарвазири кишвар таъкид кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми табодули коло дар муқоиса бо соли гузашта миёни Тоҷикистону Русия қариб 40% афзоиш ёфтааст."Русия шарики аслии Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷиаш ҳаст ва боқӣ мемонад. Сол то сол афзоиши муътадили гардиши мол ба назар мерасад. Соли гузашта мо тақрибан ба 2 миллиард доллар наздик шудем", - гуфт Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Маскав.Сарвазири Тоҷикистон илова кард, ки айни замон ҷонибҳо ба манзури афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматиро таҳия карда истодаанд, ки то соли 2027 пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20250426/rasulzoda-taqviyati-ravobit-rusiya-siyosat-tojikiston-1067124333.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067124616_7:0:2736:2047_1920x0_80_0_0_2b49e49ca40c01e07c648a2acadde1f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, маскав, душанбе, тиббӣ, тандурустӣ, марказ, расулзода
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, маскав, душанбе, тиббӣ, тандурустӣ, марказ, расулзода
Душанбеву Маскав ташкили Маркази ҳастаии тиббӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ доранд
Харитаи роҳ байни идораҳои давлатии Тоҷикистон ва "Росатом"-и Русия дар бораи таъсиси Маркази ҳастаии тиббӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин дар Маскав гуфт, Русия ва Тоҷикистон сари масъалаи таъсиси Маркази ҳастаии тиббӣ дар ҷумҳурӣ кор хоҳанд кард.
"Дар доираи созиши пешакӣ бо корпоратсияи давлатии "Росатом" тасмим гирифта шуд, ки дар масъалаи таъсиси маркази ҳастаии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда шавад”, - гуфт Расулзода.
Вай илова кард, ки харитаи роҳ байни идораҳои давлатии Тоҷикистон ва "Росатом" дар бораи таъсиси ин марказ таҳия ва тасдиқ карда шудаст”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Чанде пеш сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вориди Маскав шуда буд ва бо мақомоти олии Русия дидору гуфтугӯ кард.
Зимни мулоқот бо ҳамтои русаш таъкид кард, ки тақвияти равобит бо Русия аз авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.
Сарвазири кишвар таъкид кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми табодули коло дар муқоиса бо соли гузашта миёни Тоҷикистону Русия қариб 40% афзоиш ёфтааст.
"Русия шарики аслии Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷиаш ҳаст ва боқӣ мемонад. Сол то сол афзоиши муътадили гардиши мол ба назар мерасад. Соли гузашта мо тақрибан ба 2 миллиард доллар наздик шудем", - гуфт Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Маскав.
Сарвазири Тоҷикистон илова кард, ки айни замон ҷонибҳо ба манзури афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматиро таҳия карда истодаанд, ки то соли 2027 пешбинӣ шудааст.