https://sputnik.tj/20250408/darguzashti-astrofiziki-shinokhtai-tojik-kometa-1066906110.html
Даргузашти астрофизики шинохтаи тоҷик, ки ба номаш “Комета” буд
Даргузашти астрофизики шинохтаи тоҷик, ки ба номаш “Комета” буд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия дар синни 80-солагӣ олими саршинос-астрофизики шинохтаи тоҷик, ки ба номаш думболадор ё комета номгузорӣ шудааст аз олам даргузашт
2025-04-08T17:39+0500
2025-04-08T17:39+0500
2025-04-08T17:39+0500
дар тоҷикистон
олим
даргузашт
ситорашинос
чеҳраҳои шинохта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066906355_409:656:1940:1517_1920x0_80_0_0_a47817a199a1657fd0aee43b8441dc73.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Олима ва Кашшофи кометаи 67P/Чурюмов-Герасименко, Светлана Ивановна Герасименко дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.Дар ин бора Институти астрофизикаи Тоҷикистон хабар додааст.Ин манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҳафтаи ахир ду олими саршиноси астрофизикаи Тоҷикистон ин оламро падруд гуфтанд.Ба иттилои манбаъ санаи 6 апрел яке аз мутахассиси сатҳи олии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳон Ибодович Ибодов ва акнун Олима ва Кашшофи кометаи 67P/Чурюмов-Герасименко, Светлана Ивановна Герасименко даргузаштанд.Хабари марги нобаҳангоми Светлана Герасименко талафоти бузург дар илмӣ тоҷик баҳисоб рафта, аҳли кормандони Институтро сахт андӯҳгин намуд.Қайд карда шудааст, ки даргузашти ин олими саршинос ба илми астрономияи тоҷик зарбаи бузург задааст.Светлана Ивановна Герасименко 23-уми феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, соли 1953 ба мактаби миёнаи ҳамонҷо ба синфи якум рафта, баъд аз хатми он дар соли 1968 ба факултети астрономияи Донишгоҳи Киев дохил шуд ва онро бо ихтисоси астроном ба итмом расонидааст.Бояд қайд намуд, ки Светлана Ивановна Герасименко баъди хатми Донишгоҳ ба зинаи аспирантураи расадхонаи астрономии Академияи фанҳои Украина дохил шуда, моҳи сентябри соли 1969 ӯ ҳамроҳи коркуни расадхонаи астрономии Академияи фанҳои Украина Клим Чурюмов ба экспедитсия ба Алма-Ато барои мушоҳидаи кометаи 32P/Комас-Сола сафарбар гашт ва ба воситаи телескопи 50см –и онҷо кометаи навро мушоҳида намудааст.Шаби 11 ба 12 – уми сентябри соли 1969 ҳангоми мушоҳидаи кометаи 32P/Комас-Сола дар он вақт кометаи дигарро мебенад, ки баъдан онро ба номи кашфкунандагони он, яъне Чурюмов ва Герасименко ин кометаи нав (кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко)-ро номгузорӣ мекунанд.Қобил ба зикр аст, ки Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси корманди илмӣ ба Душанбе даъват шуда, то ин лаҳза фаъолияти илмии худро бо Институти астрофизикаи АМИТ идома дода, дорои чандон дастовардҳои илмӣ мебошад.Светлана Ивановна Герасименко, яке аз астрономҳои муввафақи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон буда, кашфкунандаи кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко, барандаи лауреати Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2017 ва аъзои ҷамъияту созмонҳои байналмилалии астрономҳои ҷаҳон мебошад.Инчунин 2-юми марти соли 2004 Светлана Герасименко ҳамроҳи Клим Чурюмов дар космодроми Куруи Гвианаи Фаронса ҳангоми парвози киштии кайҳонии байнисайёравии Аврупоии "Розетта" иштирок доштанд, ки барои омӯзиши кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко равона карда шуда буд ва ин киштии кайҳонӣ моҳи ноябри соли 2014 бори аввал ба сатҳи кометаи мазкур бомуваффақият фуруд омад. Ҳангоми фурудоии дастгоҳи Роззета номбӯрда дар агентии кайҳонии Аврупо дар Олмон ширкат варзида буд.Маврид ба зикр аст, ки ба номи Светлана Герасименко на танҳо комета балки астероиди (3945) низ дар соли 1982 аз ҷониби Николай Черных кашф шуда буд, номгузори шудааст.
https://sputnik.tj/20240930/sitorashinosoni-tojik-zamin-dunbolador-nazdik-meshavad-1064535991.html
https://sputnik.tj/20180906/1026678809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066906355_313:615:1877:1788_1920x0_80_0_0_c6e4283c9e33f206898cab685a5c0dbe.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, олим, даргузашт, афстрофизик, шинохта, думболадор, комета
тоҷикистон, олим, даргузашт, афстрофизик, шинохта, думболадор, комета
Даргузашти астрофизики шинохтаи тоҷик, ки ба номаш “Комета” буд
Дар Русия дар синни 80-солагӣ олими саршинос-астрофизики шинохтаи тоҷик, ки ба номаш думболадор ё комета номгузорӣ шудааст аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Олима ва Кашшофи кометаи 67P/Чурюмов-Герасименко, Светлана Ивановна Герасименко дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора Институти астрофизикаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ин манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҳафтаи ахир ду олими саршиноси астрофизикаи Тоҷикистон ин оламро падруд гуфтанд.
Ба иттилои манбаъ санаи 6 апрел яке аз мутахассиси сатҳи олии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳон Ибодович Ибодов ва акнун Олима ва Кашшофи кометаи 67P/Чурюмов-Герасименко, Светлана Ивановна Герасименко даргузаштанд.
Хабари марги нобаҳангоми Светлана Герасименко талафоти бузург дар илмӣ тоҷик баҳисоб рафта, аҳли кормандони Институтро сахт андӯҳгин намуд.
Қайд карда шудааст, ки даргузашти ин олими саршинос ба илми астрономияи тоҷик зарбаи бузург задааст.
“Хотираи неки ӯ дар зеҳни коллективи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти астрофизикаи АМИТ абадӣ хоҳад монд”, - қайд кардааст ҳайати кормандони Институти астрофизикаи Тоҷикистон.
Светлана Ивановна Герасименко 23-уми феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, соли 1953 ба мактаби миёнаи ҳамонҷо ба синфи якум рафта, баъд аз хатми он дар соли 1968 ба факултети астрономияи Донишгоҳи Киев дохил шуд ва онро бо ихтисоси астроном ба итмом расонидааст.
Бояд қайд намуд, ки Светлана Ивановна Герасименко баъди хатми Донишгоҳ ба зинаи аспирантураи расадхонаи астрономии Академияи фанҳои Украина дохил шуда, моҳи сентябри соли 1969 ӯ ҳамроҳи коркуни расадхонаи астрономии Академияи фанҳои Украина Клим Чурюмов ба экспедитсия ба Алма-Ато барои мушоҳидаи кометаи 32P/Комас-Сола сафарбар гашт ва ба воситаи телескопи 50см –и онҷо кометаи навро мушоҳида намудааст.
Шаби 11 ба 12 – уми сентябри соли 1969 ҳангоми мушоҳидаи кометаи 32P/Комас-Сола дар он вақт кометаи дигарро мебенад, ки баъдан онро ба номи кашфкунандагони он, яъне Чурюмов ва Герасименко ин кометаи нав (кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко)-ро номгузорӣ мекунанд.
Қобил ба зикр аст, ки Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси корманди илмӣ ба Душанбе даъват шуда, то ин лаҳза фаъолияти илмии худро бо Институти астрофизикаи АМИТ идома дода, дорои чандон дастовардҳои илмӣ мебошад.
Светлана Ивановна Герасименко, яке аз астрономҳои муввафақи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон буда, кашфкунандаи кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко, барандаи лауреати Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2017 ва аъзои ҷамъияту созмонҳои байналмилалии астрономҳои ҷаҳон мебошад.
Инчунин 2-юми марти соли 2004 Светлана Герасименко ҳамроҳи Клим Чурюмов дар космодроми Куруи Гвианаи Фаронса ҳангоми парвози киштии кайҳонии байнисайёравии Аврупоии "Розетта" иштирок доштанд, ки барои омӯзиши кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко равона карда шуда буд ва ин киштии кайҳонӣ моҳи ноябри соли 2014 бори аввал ба сатҳи кометаи мазкур бомуваффақият фуруд омад. Ҳангоми фурудоии дастгоҳи Роззета номбӯрда дар агентии кайҳонии Аврупо дар Олмон ширкат варзида буд.
Маврид ба зикр аст, ки ба номи Светлана Герасименко на танҳо комета балки астероиди (3945) низ дар соли 1982 аз ҷониби Николай Черных кашф шуда буд, номгузори шудааст.