Дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор нафар дар "Имлои Ғалаба" ширкат карданд

© SputnikДиктант Победы в Худжанде
Диктант Победы в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2025
Обуна шудан
Ташаббус ба хар касе, ки дониши худро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанй мехоҳад бисанҷад, рабт дорад; Имло имсол ба ифтихори 80-солагии Ғалаба баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи "Имлои ғалаба" баргузор шуд.
Соли равон ин чорабинӣ дар 8 шаҳри Тоҷикистон дар 21 муассисаи таълимӣ баргузор шуд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон раиси намояндагии Россотрудничество дар кишвар Андрей Патрушев.
"Чорабинӣ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дастгирии тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва муқовимат ба тақаллуби таърих бахшида шудааст", - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, имло барои ҳар касе, ки мехоҳад дониши худро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ санҷад, аҳамият дорад; имсол имло ба ифтихори 80-солагии Ғалабаи бузург баргузор мешавад, ки дар он ҳар як ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм гузоштааст.
Имсол дар ин чорабинӣ зиёда аз 2,5 ҳазор нафар ширкат кардаанд.
Тавре Патрушев хабар дод, дар имло табақаҳои гуногуни аҳолӣ - мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон, ҳатто низомиёни Пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва намояндагиҳои ниҳодҳои мухталифи хориҷӣ низ ширкат варзиданд.
Визит Валентины Матвиенко в Российско-таджикскую школу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2025
Сенатори рус: Дар Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд
Ҳифзи таваҷҷӯҳ ба таърих дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ хеле муҳим аст, гуфт дар хотима роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.
"Имлои Ғалаба" аксияи таърихии байналмилалӣ дар мавзӯи воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст, ки ҳар сол дар кишварҳои мухталиф баргузор мешавад. Дар соли 2025, ин чорабинӣ 25 апрел баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0