https://sputnik.tj/20250410/rusiya-tojikiston-zaboni-rusi-tavajjuhi-ziyod-1066930296.html
Сенатори рус: Дар Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд
Сенатори рус: Дар Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд
Sputnik Тоҷикистон
Сенатори рус гуфт мактаб ва театрҳои русӣ дар Душанбе барои тоҷикистониён муҳим аст ва дар ҳифзи забон ва фарҳанги русӣ нақши муҳим доранд
2025-04-10T15:39+0500
2025-04-10T15:39+0500
2025-04-10T17:37+0500
дар тоҷикистон
маориф
сенатор
русия
шӯрои федератсияи русия
мактаб
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064684625_0:0:799:449_1920x0_80_0_0_1db6c89ca7f2106128e7442778c6cc4a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба мактабҳои Тоҷикистон, ки таҳсилотро бо забони русӣ ба роҳ монданд, хонандаҳо бештар таваҷҷуҳ доранд.Дар ин бора раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Русия Лилия Гумерова ба шабакаи телевизионии "Вместе-РФ" хабар дод.Ба гуфтаи сенатори рус, дар шаҳри Душанбе сохтмони мактаб барои кӯдакони лаёқатманд оғоз шудааст, ки дар он таълим аз рӯи стандартҳои Русия, шабеҳи маркази Сириус сурат хоҳад гирифт.Дар ин ҷо 500 нафар бачагон аз тамоми гушаю канорҳои кишвар имкони таҳсил карданро доранд, ки 300 нафари онҳо метавонан дар кампус зиндагӣ кунанд.“Хеле муҳим аст, ки марказ дар пайи пайдо кардани хонандаи лаёқатманд, рушд ва дастгирии кӯдакони бо истеъдод аст. Мо на як бору ду бор гуфта будем, ки мо ёд гирифтем бачаҳои боистеъдодро пайдо кунем. Дастгирии босалоҳияти онҳо хеле муҳим аст. Ва марказ маҳз ҳамон чизест, ки ба ин ҳадафҳо мувофиқат мекунад”, - гуфт Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия дар умури илм, маориф ва фарҳанг.Сенатори ру афзуд, ки Русия низ ба театрҳои драмавии русӣ дар кишварҳои ИДМ кумак мерасонад, зеро онҳо дар ҳифзи забон ва фарҳанги русӣ нақши муҳим доранд.Сенатор ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар Тоҷикистон аллакай беш аз 100 омӯзгор фаъолият доранд.Илова бар ин, ҳамасола барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳазор квота ҷудо мешавад. Дар баробари ин, донишгоҳҳои Русия барномаҳои худро бо назардошти анъанаҳои маҳаллӣ мутобиқ мекунанд ва дастгирии методӣ барои омӯзгорон ташкил карда мешавад, гуфт Лилия Гумерова.Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2024 раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко аз мактаби ба номи Юрий Гагарин, ки аз яке аз панҷ мактабе, ки Русия дар ҷумҳурӣ бунёд намудааст, боздид кард.Валентина Матвиенко ба шогирдонаш туҳфаҳо – планшетҳо ва кулоҳҳои воқеияти маҷозӣ тақдим намуд.Раиси Палатаи болоии Русия изҳор дошт, ки тайи даҳсолаҳои охир равобити байнидавлатии Маскаву Душанбе ба сатҳи шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ расида, имрӯз барои ҳар ду ҷониб судманд аст.
https://sputnik.tj/20250319/korshinos-tojikiston-ba-zaboni-rusi-tavajjuhi-ziyod-dorad-1066632223.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064684625_0:0:709:532_1920x0_80_0_0_930a27c9fb7f2c5abc36c10765abbc29.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, сенатор, забони русӣ, аҳамият, душанбе
тоҷикистон, русия, сенатор, забони русӣ, аҳамият, душанбе
Сенатори рус: Дар Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд
15:39 10.04.2025 (Навсозишуда: 17:37 10.04.2025) Сенатори рус дар бораи таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон ба забони русӣ гуфт ва таъкид кард, ки мактаб ва театрҳо русӣ дар ҳифзи забону фарҳанг нақши муҳим мебозанд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба мактабҳои Тоҷикистон, ки таҳсилотро бо забони русӣ ба роҳ монданд, хонандаҳо бештар таваҷҷуҳ доранд.
Дар ин бора раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Русия Лилия Гумерова ба шабакаи телевизионии "Вместе-РФ" хабар дод.
Ба гуфтаи сенатори рус, дар шаҳри Душанбе сохтмони мактаб барои кӯдакони лаёқатманд оғоз шудааст, ки дар он таълим аз рӯи стандартҳои Русия, шабеҳи маркази Сириус сурат хоҳад гирифт.
Дар ин ҷо 500 нафар бачагон аз тамоми гушаю канорҳои кишвар имкони таҳсил карданро доранд, ки 300 нафари онҳо метавонан дар кампус зиндагӣ кунанд.
“Хеле муҳим аст, ки марказ дар пайи пайдо кардани хонандаи лаёқатманд, рушд ва дастгирии кӯдакони бо истеъдод аст. Мо на як бору ду бор гуфта будем, ки мо ёд гирифтем бачаҳои боистеъдодро пайдо кунем. Дастгирии босалоҳияти онҳо хеле муҳим аст. Ва марказ маҳз ҳамон чизест, ки ба ин ҳадафҳо мувофиқат мекунад”, - гуфт Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия дар умури илм, маориф ва фарҳанг.
Сенатори ру афзуд, ки Русия низ ба театрҳои драмавии русӣ дар кишварҳои ИДМ кумак мерасонад, зеро онҳо дар ҳифзи забон ва фарҳанги русӣ нақши муҳим доранд.
"Ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ аз он сабаб арзишманд аст, ки он равзанаи имкониятҳоро дар соҳаи иқтисодӣ, саноат ва технология боз мекунад", - гуфт Лилия Гумерова.
Сенатор ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар Тоҷикистон аллакай беш аз 100 омӯзгор фаъолият доранд.
Илова бар ин, ҳамасола барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳазор квота ҷудо мешавад. Дар баробари ин, донишгоҳҳои Русия барномаҳои худро бо назардошти анъанаҳои маҳаллӣ мутобиқ мекунанд ва дастгирии методӣ барои омӯзгорон ташкил карда мешавад, гуфт Лилия Гумерова.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2024 раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко аз мактаби ба номи Юрий Гагарин, ки аз яке аз панҷ мактабе, ки Русия дар ҷумҳурӣ бунёд намудааст, боздид кард.
Валентина Матвиенко ба шогирдонаш туҳфаҳо – планшетҳо ва кулоҳҳои воқеияти маҷозӣ тақдим намуд.
Раиси Палатаи болоии Русия изҳор дошт, ки тайи даҳсолаҳои охир равобити байнидавлатии Маскаву Душанбе ба сатҳи шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ расида, имрӯз барои ҳар ду ҷониб судманд аст.