https://sputnik.tj/20250426/bunyodi-korkhona-sugd-ohakbarori-metalurgi-ohansang-1067125011.html
Оҳак, металл ва оҳангсанг: Бунёди се корхонаи бузурги саноатӣ дар Истиқлол
Оҳак, металл ва оҳангсанг: Бунёди се корхонаи бузурги саноатӣ дар Истиқлол
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи оҳакбарорӣ бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 тонна оҳак дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад
2025-04-26T14:59+0500
2025-04-26T14:59+0500
2025-04-26T14:59+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
бунёди коргоҳ
суғд
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/81/1029538152_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_17c42cfb2b43ab6222e1b9da852acee8.jpg
Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ шинос гардид. Манбаъ таъкид кардааст, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, масъулин талош доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.Ҳамчуни ба иттилои манбаъ, бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳр корхонаи нави металлургӣ аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой низ корхонаи нав сохта мешавад.Корхона бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуда, дар он коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар назар аст, ки беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.Дар шаҳр сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанги ҶДММ “Оҳаки Истиқлол” низ идома дорад. Ин корхона бо масоҳати 55 ҳазор метри мураббаъ ва 55 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. қайд карда шудааст, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ба содирот нигаронида шуда, бозори фурӯш асосан кишварҳои ҳамсоя мебошад.
https://sputnik.tj/20250421/vazorati-sanoat-pork-sanoati-mushtarak-rusiya-tojikiston-idora-1067067630.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/81/1029538152_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_368c4d26b441da59eacb9405364ebf8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, корхона, саноат, оҳакбарорӣ, металлургӣ, бунёд
тоҷикистон, суғд, корхона, саноат, оҳакбарорӣ, металлургӣ, бунёд
Оҳак, металл ва оҳангсанг: Бунёди се корхонаи бузурги саноатӣ дар Истиқлол
Корхонаи оҳакбарорӣ бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 тонна оҳак дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад
Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
"Сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” идома дорад. Корхона бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад ва иқтидори истеҳсолии он 100 тонна оҳак дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад", - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, масъулин талош доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ҳамчуни ба иттилои манбаъ, бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳр корхонаи нави металлургӣ аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой низ корхонаи нав сохта мешавад.
Корхона бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуда, дар он коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар назар аст, ки беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Дар шаҳр сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанги ҶДММ “Оҳаки Истиқлол” низ идома дорад.
Ин корхона бо масоҳати 55 ҳазор метри мураббаъ ва 55 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.
қайд карда шудааст, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ба содирот нигаронида шуда, бозори фурӯш асосан кишварҳои ҳамсоя мебошад.