https://sputnik.tj/20250426/artishi-rusiya-viloyati-kursk-neruhoi-musallahi-ukraina-ozod-1067132881.html
Артиши Русия вилояти Курскро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина комилан озод кард
Артиши Русия вилояти Курскро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина комилан озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар бораи шикасти артиши Украина дар вилояти Курск ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гузориш дод
2025-04-26T17:15+0500
2025-04-26T17:15+0500
2025-04-28T11:50+0500
амалиёти вижа
украина
русия
дар русия
поксозӣ
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066592741_0:0:3214:1808_1920x0_80_0_0_0374470d11c2d1338a3d55b1ab18220d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Шикасти нерӯҳои Украина, ки ба вилояти Курски Русия ҳамла карда буданд, ба охир расид; охирин нуқтаи аҳолинишини вилоят рузи шанбе озод карда шуд.Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президенти Русия Владимир Путин хабар дод.Раҳбари Русия пас аз шунидани натиҷаҳо гуфт, шикасти комили душман дар минтақаи марзии Курск барои амалиёти минбаъдаи бомуваффақияти низомиёни Русия дар дигар минтақаҳои муҳими ҷабҳа шароит фароҳам меорад."Амалиёти режими Киев комилан барбод рафт ва талафоти куллии душман ба хусус сарбозону техникаҳои хориҷӣ дар тамоми хатти ҷангӣ бешубҳа тағйир хоҳад расонд", - таъкид кард Путин.Киев дар вилояти Курск зиёда аз 76 хазор нафар сарбозашро куштаю захмӣ талаф дод.Раисиҷумҳури Русия дар паёми худ аз низомиёни рус, ки минтақаро бо мардонагӣ ва қаҳрамонии худ озод кардаанд, изҳори сипос кард.Илова бар ин, дар вилояти Сума ташкили минтақаи амниятӣ идома дорад, 4 маҳаллаи аҳолинишин озод карда шуд, беш аз 90 километри мураббаъ зери назорат қарор дорад."Мағлубшавии комили душман дар минтақаи марзии Курск барои амалиёти минбаъдаи муваффақи нерӯҳои мо дар дигар минтақаҳои муҳими ҷабҳа шароит фароҳам оварда, шикасти режими фашистиро наздиктар мекунад", - гуфт Путин.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи асосии онро "ҳифозати одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд" эълон кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароит, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале нирӯҳои мусаллаҳи Украинаро бо силоҳ таъмин доранд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар бори низомие, ки барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.
https://sputnik.tj/20250425/tramp-oghozi-nizoi-rusiya-ukraina-ki-gunahkor-1067122318.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066592741_409:0:3140:2048_1920x0_80_0_0_c76ddcc805a5bb25fbddadfa9626b337.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, курск, озод, путин, гузориш, амалиёти вижа, украина
русия, курск, озод, путин, гузориш, амалиёти вижа, украина
Артиши Русия вилояти Курскро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина комилан озод кард
17:15 26.04.2025 (Навсозишуда: 11:50 28.04.2025) Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар бораи шикасти артиши Украина дар вилояти Курск ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гузориш дод
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Шикасти нерӯҳои Украина, ки ба вилояти Курски Русия ҳамла карда буданд, ба охир расид; охирин нуқтаи аҳолинишини вилоят рузи шанбе озод карда шуд.
Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба президенти Русия Владимир Путин хабар дод.
Раҳбари Русия пас аз шунидани натиҷаҳо гуфт, шикасти комили душман дар минтақаи марзии Курск барои амалиёти минбаъдаи бомуваффақияти низомиёни Русия дар дигар минтақаҳои муҳими ҷабҳа шароит фароҳам меорад.
"Амалиёти режими Киев комилан барбод рафт ва талафоти куллии душман ба хусус сарбозону техникаҳои хориҷӣ дар тамоми хатти ҷангӣ бешубҳа тағйир хоҳад расонд", - таъкид кард Путин.
Киев дар вилояти Курск зиёда аз 76 хазор нафар сарбозашро куштаю захмӣ талаф дод.
Раисиҷумҳури Русия дар паёми худ аз низомиёни рус, ки минтақаро бо мардонагӣ ва қаҳрамонии худ озод кардаанд, изҳори сипос кард.
Илова бар ин, дар вилояти Сума ташкили минтақаи амниятӣ идома дорад, 4 маҳаллаи аҳолинишин озод карда шуд, беш аз 90 километри мураббаъ зери назорат қарор дорад.
"Мағлубшавии комили душман дар минтақаи марзии Курск барои амалиёти минбаъдаи муваффақи нерӯҳои мо дар дигар минтақаҳои муҳими ҷабҳа шароит фароҳам оварда, шикасти режими фашистиро наздиктар мекунад", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи асосии онро "ҳифозати одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд" эълон кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароит, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале нирӯҳои мусаллаҳи Украинаро бо силоҳ таъмин доранд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар бори низомие, ки барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.