https://sputnik.tj/20250425/tojikiston-istehsoli-nerui-barq-1067118378.html
Тоҷикистон дар 33 сол истеҳсоли неруи барқро аз 17 млрд кВт/с ба 22,4 млрд кВт/с расонд
Тоҷикистон дар 33 сол истеҳсоли неруи барқро аз 17 млрд кВт/с ба 22,4 млрд кВт/с расонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ вобаста ба соҳаи энергетика гуфт, ки бо иқдомҳои амали намудаи ҳукумат истеҳсоли барқ ба маротиб афзоиш ёфтаст
2025-04-25T15:04+0500
2025-04-25T15:04+0500
2025-04-25T16:06+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
истеҳсол
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061692316_0:91:3072:1819_1920x0_80_0_0_5b2176a86da06cda3f9d4f99ad3e0391.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тавре раисумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ гуфт, дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуд.Раҳбари давлат қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳоло дар кишвар татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад.“Яъне қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст”, - гуфт ӯ.Вай дар ин тҷаласа зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд.Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.Соли 2024 дар соҳаи энергетика боз 11 созишномаи нав барои татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид.Таъкид гардид ки ин иқдомҳо барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20250131/vaziri-energetika-casa-ba-kor-medaroyad-1066063394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061692316_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_04e3a30ccd72d58bfb45bf9a2d971dc5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истеҳсол, нерӯи барқ, энергетика, барқ, ҳукумат
тоҷикистон, истеҳсол, нерӯи барқ, энергетика, барқ, ҳукумат
Тоҷикистон дар 33 сол истеҳсоли неруи барқро аз 17 млрд кВт/с ба 22,4 млрд кВт/с расонд
15:04 25.04.2025 (Навсозишуда: 16:06 25.04.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ вобаста ба соҳаи энергетика гуфт, ки бо иқдомҳои амали намудаи ҳукумат истеҳсоли барқ ба маротиб афзоиш ёфтаст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тавре раисумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ гуфт, дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуд.
Раҳбари давлат қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳоло дар кишвар татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад.
“Яъне қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст”, - гуфт ӯ.
Вай дар ин тҷаласа зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд.
Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2024 дар соҳаи энергетика боз 11 созишномаи нав барои татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид.
Таъкид гардид ки ин иқдомҳо барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.