Шойгу: Тақрибан 2%-и ҷиноятҳо дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон содир мешавад

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкРейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Обуна шудан
Котиби Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар Русия дар соли 2024 нисбат ба солҳои қаблӣ бетағйир боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу дар мусоҳиба бо ТАСС гуфт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан 2% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро дар қаламрави Русия содир мекунанд.
"То охири соли гузашта дар Русия 6,3 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кору зиндагӣ мекарданд, дар ҳамин ҳол, дар соли 2023 – шумори онҳо 5,9 миллион нафарро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳои содиркардаи онҳо амалан бетағйир боқӣ монда, 38,6 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ин тақрибан 2% аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар кишварро ташкил медиҳад", - гуфт оқои Шойгу.
Ҳамзамон, вай қайд кард, ки ҳиссаи нафароне, ки бештар аз муҳлати будубоши қонунии худ дар Русия ҳастанд бештар аз 10% аз шумори умумии муҳоҷирон аст.
"Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ 3,4 миллион протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд”, - гуфт ӯ.
Оқои Шойгу ҳамчунин илова кард, ки дар робита ба таъқиби ҷиноӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҳудуди 1,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуданд.
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Красноярске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Путин пешниҳод кард, ки масъалаҳои муҳоҷират бояд ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя ҳал шавад
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Русия дар дидор бо бо ҳамтои тоҷикаш дар Маскав гуфт, ки наздик ба як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия муҳоҷирони тоҷик ба иқтисоди Русия саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ҳамин ҳол ВКД Русия чанде пеш хабар дода буд, ки будубоши беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ғайриқонуниаст ва онҳо бояд то моҳи май ҳузури худро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0