Аз ҳар гӯшаи кишвар: Суғд низ ба осебдидагон зилзила дар Рашт кумак фиристод

© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиСогд отправил в Рашт гумпомощь
Согд отправил в Рашт гумпомощь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2025
Обуна шудан
Вилоят ба ноҳияҳои аз офати табиат харобшуда 210 тонна кумак, аз ҷумла озуқа, сару либос, чизҳои зарурӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристод
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вилояти Суғд ба сокинони аз заминларза осебдида дар навоҳии Рашту Тоҷикобод корвони кумакҳои башардӯстона фиристод.
Дар ин бора раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода фармон додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, аз вилоят ба навоҳии аз офати табий харобшуда 210 тонна бор, аз ҷумла озуқа, сару либос, чизҳои зарурӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
1/4
Согд отправил в Рашт гумпомощь
Раванди рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои Рашту Тоҷикобод ва расонидани кумакҳои аввалия ба сокинони осебдида таҳти назорати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ӯ дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукуматӣ ахиран ба мақомоти ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дод, ки ба аҳолӣ дар ҷойҳои амн замин ҷудо ва хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр пурра ба истифода супоранд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.
Внеочередное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2025
Маҷлиси ғайринавбатӣ: Аз кумакпулӣ то сохтмони хонаҳои нав ба сокинони Рашту Тоҷикобод
Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Лентаи хабарҳо
0