https://sputnik.tj/20250414/kishvarhoi-uzvi-iiao-va-eron-rushdi-doloni-naqliyotii-shimol-janub-ro-barrasi-dorand-1066975121.html
Кишварҳои узви ИИАО ва Эрон рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб”-ро баррасӣ доранд
Кишварҳои узви ИИАО ва Эрон рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб”-ро баррасӣ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Мавзуи рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб” дар мулоқоти сафири Эрон ва раҳбарияти Хадамоти федеролии гумруки Русия дар Маскав баррасӣ шуд
2025-04-14T17:39+0500
2025-04-14T17:39+0500
2025-04-14T17:39+0500
ииао
авруосиё
эрон
ҳамкорӣ
русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/76/1024377650_0:288:3083:2022_1920x0_80_0_0_c64be5a54a31e98b6328da8e1f8e26c1.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ахиран дар Маскав масъалаи рушди долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб ва транзит байни Русия, Озарбойҷон ва Эрон баррасӣ шуд.Ин ва дигар масоил дар Маскав дар мулоқоти раҳбарияти Хадамоти федеролии гумруки Русия бо сафири Эрон баррасӣ шуд.Сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ баргузории як семинари гумрукӣ дар Теҳронро барои утоқҳои бозаргонӣ ва доираҳои тиҷоратии Эрон муҳим арзёбӣ карда, аҳамияти онро дар партави эътибор пайдо кардани созишном дар бораи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон таъкид кард.Вай ҳамчунин ба беҳбуди қобили мулоҳизаи вазъ дар иртибот бо интиқоли васоили нақлия аз марз дар гузаргоҳҳои марзии Русия ва Озарбойҷон, ки аз ҷумла миқдори зиёди борҳои Эрон аз тариқи он мегузарад, таъкид кард.Ҳамзамон, вай аз самаранокии татбиқи лоиҳаи "Долони гумрукии соддакардашуда" ёдовар шуд.Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳо барои рушди транзит миёни Русия, Озарбойҷон ва Эрон, аз ҷумла дар формати сеҷониба ҳамоҳанг карда шаванд.Тарафҳо ҳамчунин бар зарурати рушди минбаъдаи ҳамлу нақли мустақими баҳрӣ миёни Русия ва Эрон тавассути баҳри Хазар таъкид карданд.
https://sputnik.tj/20250412/lukashenko-tojikiston-iiao-nazdiktar-nigoh-1066948960.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/76/1024377650_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_2cd414b0d5f8fcea904469df67e87cd2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ииао, авруосиё, долон, нақлиёт, ҳамкорӣ, русия
эрон, ииао, авруосиё, долон, нақлиёт, ҳамкорӣ, русия
Кишварҳои узви ИИАО ва Эрон рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб”-ро баррасӣ доранд
Мавзуи рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб” дар мулоқоти сафири Эрон ва раҳбарияти Хадамоти федеролии гумруки Русия дар Маскав баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ахиран дар Маскав масъалаи рушди долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб ва транзит байни Русия, Озарбойҷон ва Эрон баррасӣ шуд.
Ин ва дигар масоил дар Маскав дар мулоқоти раҳбарияти Хадамоти федеролии гумруки Русия бо сафири Эрон баррасӣ шуд.
Сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ баргузории як семинари гумрукӣ дар Теҳронро барои утоқҳои бозаргонӣ ва доираҳои тиҷоратии Эрон муҳим арзёбӣ карда, аҳамияти онро дар партави эътибор пайдо кардани созишном дар бораи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон таъкид кард.
Вай ҳамчунин ба беҳбуди қобили мулоҳизаи вазъ дар иртибот бо интиқоли васоили нақлия аз марз дар гузаргоҳҳои марзии Русия ва Озарбойҷон, ки аз ҷумла миқдори зиёди борҳои Эрон аз тариқи он мегузарад, таъкид кард.
Ҳамзамон, вай аз самаранокии татбиқи лоиҳаи "Долони гумрукии соддакардашуда" ёдовар шуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳо барои рушди транзит миёни Русия, Озарбойҷон ва Эрон, аз ҷумла дар формати сеҷониба ҳамоҳанг карда шаванд.
Тарафҳо ҳамчунин бар зарурати рушди минбаъдаи ҳамлу нақли мустақими баҳрӣ миёни Русия ва Эрон тавассути баҳри Хазар таъкид карданд.