https://sputnik.tj/20250424/bunyod-korkhona-sanoati-panj-soli-akhir-tojikiston-1067101101.html
Бунёди 2040 корхонаи саноатӣ дар зарфи панҷ соли ахир дар Тоҷикистон
Бунёди 2040 корхонаи саноатӣ дар зарфи панҷ соли ахир дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон танҳо дар панҷ соли ахир дар ҳудуди кишвар 2040 коррхонаи саноатӣ таъсис дода шудааст
2025-04-24T11:59+0500
2025-04-24T11:59+0500
2025-04-24T12:14+0500
дар тоҷикистон
омор
саноат
коргоҳ
таъсис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065153945_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_2f0b9d11b33ea82a0e45796e5afcad29.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тавре ахиран Агентии омори Тоҷикистон хабар доааст дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар ин давра дар Тоҷикистон беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.Қайд карда шудааст, ки танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.Дар ҳамин ҳол Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 3780 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 349 адад, коркард 3257 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.Аз ин шумора 1242 адад (32,9% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 866 адад (22,9%) – ба вилояти Хатлон, 822 адад (21,7%) – ба ш. Душанбе, 708 адад (18,7%) – ба НТҶ ва 142 адад (3,8%) – ба ВМКБ рост меоянд.Таъкид шудааст, ки суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15% таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.Агентии омор хотирнишон кардааст, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20% бояд таъмин карда шавад.
https://sputnik.tj/20250421/vazorati-sanoat-pork-sanoati-mushtarak-rusiya-tojikiston-idora-1067067630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065153945_55:0:1192:853_1920x0_80_0_0_62af0d2542ee4588067fd49c28035721.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, коргоҳ, корхона, бунёд, таъсис, агентии омор
тоҷикистон, саноат, коргоҳ, корхона, бунёд, таъсис, агентии омор
Бунёди 2040 корхонаи саноатӣ дар зарфи панҷ соли ахир дар Тоҷикистон
11:59 24.04.2025 (Навсозишуда: 12:14 24.04.2025) Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон танҳо дар панҷ соли ахир дар ҳудуди кишвар 2040 коррхонаи саноатӣ таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тавре ахиран Агентии омори Тоҷикистон хабар доааст дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар ин давра дар Тоҷикистон беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 3780 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 349 адад, коркард 3257 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1242 адад (32,9% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 866 адад (22,9%) – ба вилояти Хатлон, 822 адад (21,7%) – ба ш. Душанбе, 708 адад (18,7%) – ба НТҶ ва 142 адад (3,8%) – ба ВМКБ рост меоянд.
Таъкид шудааст, ки суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15% таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Агентии омор хотирнишон кардааст, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20% бояд таъмин карда шавад.