Шарҳи вазири кишвари Эрон дар бораи лағви раводид бо Тоҷикистон

© Foto / ИА ДжамаранМинистр внутренних дел Ирана Искандер Момини
Министр внутренних дел Ирана Искандер Момини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2025
Обуна шудан
Вазири кишвари Эрон пас аз дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, раводиди сафари заминӣ ба Тоҷикистон лағв мешавад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Искандар Муъминӣ вазири кишвари Эрон пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душане ба рӯзноманигорон гуфт, ки раводиди сафари заминӣ ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик лағв мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Akharinkhabar".
Мақомдори эронӣ қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор таъкид кардааст, дар таъмиқу тавсеаи равобит бо Эрон дар ҳавзаҳои сиёсӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва гардишгарӣ Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.
Муъминӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон омодагии комили Тоҷикистонро барои иҷрои тафоҳумномаҳои мунъақидшуда дар сафари доктори Пизишкиён эълом кард.
Вай илова кард, ки муносиботи ду кишвар бо тавваҷуҳ ба иштирокоти фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ ва забонии ду кишвар тақвият хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Вазири умури дохилии Эрон бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо ҳамтои тоҷики худ ва инчунин бо роҳбари давлат дидору мулоқот кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с министром внутренних дел Исламской Республики Иран Искандером Момини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2025
Раҳмон бо вазири умури дохилии Эрон чиро баррасӣ кард
Чанде пеш вазири кишвари Эпрон бо раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Тибқи хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид.
"Аз ҷумла доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд", - омадааст дар хабари котиботи президент.
Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0