https://sputnik.tj/20250423/rahmon-vazir-eron-masala-muboraza-mushtarak-terrorizm-ifrotgaroi-1067086788.html
Раҳмон бо вазири умури дохилии Эрон чиро баррасӣ кард
Раҳмон бо вазири умури дохилии Эрон чиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Эрон бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо ҳамтои тоҷики худ ва инчунин бо роҳбари давлат дидору мулоқот кард 23.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-23T10:41+0500
2025-04-23T10:41+0500
2025-04-23T10:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
эмомалӣ раҳмон
вазири умури дохила
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067086398_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a18c0054d1b4014af1622c11e8370c35.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо сафари хизматӣ вазири умури дохилии Эрон, доктор Искандар Муъмин қарор дорад.Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон вазири Эронро ба ҳузур пазируфт.Манбаъ афзуд, дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.Ҳамчунин таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид. Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.Бояд гуфт, вазири Эрон бо ҳамтои тоҷики худ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ вохӯрӣ ва мулоқот доир кард.Вазирон низ масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубодилаи иттилоот, инчунин тақвияти ҳамкориҳои ду сохтори бонуфуз ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор доданд.Илова бар ин, ҷонибҳо "Барномаи амалии ҳамкориҳои омӯзишӣ-тадқиқотӣ байни ВКД Тоҷикистон ва ВКД Эрон барои солҳои 2025-2029"-ро ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20250417/eron-omoda-tabodul-tajriba-tojikiston-muqobila-terorizm-1067016223.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067086398_171:0:1991:1365_1920x0_80_0_0_e454215418ce67735495be216fa4669f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, эмомалӣ раҳмон, вазири умури дохила, сиёсат
дар тоҷикистон, эрон, эмомалӣ раҳмон, вазири умури дохила, сиёсат
Раҳмон бо вазири умури дохилии Эрон чиро баррасӣ кард
Вазири умури дохилии Эрон бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо ҳамтои тоҷики худ ва инчунин бо роҳбари давлат дидору мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо сафари хизматӣ вазири умури дохилии Эрон, доктор Искандар Муъмин қарор дорад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон вазири Эронро ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид.
"Аз ҷумла доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд", - омадааст дар хабари котиботи президент.
Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.
Бояд гуфт, вазири Эрон бо ҳамтои тоҷики худ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ вохӯрӣ ва мулоқот доир кард.
Вазирон низ масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубодилаи иттилоот, инчунин тақвияти ҳамкориҳои ду сохтори бонуфуз ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо "Барномаи амалии ҳамкориҳои омӯзишӣ-тадқиқотӣ байни ВКД Тоҷикистон ва ВКД Эрон барои солҳои 2025-2029"-ро ба имзо расид.