Тоҷикистон дар як сол наздик ба 369 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст

© Sputnik / Sergey GuneevТанкер-газовоз "Гранд Анива" для перевозки сжиженного газа (СПГ)
Танкер-газовоз Гранд Анива для перевозки сжиженного газа (СПГ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Обуна шудан
Хадамоти зиддиинҳисорӣ Тоҷикистон мегӯяд, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар як сол беш аз 50% боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Нархи воридотии гази моеъ дар Тоҷикистон 54% афзуд, хабар дода масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ахир.
Ба иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-декабри соли 2024 аз ҷониби 16 субъект ба Тоҷикистон 368,7 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 251 млн доллар бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми воридот нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 42,3 ҳазор тонна кам ва нархи миёнаи воридотии ҳар тонаи он ба ҳисоби миёна 238 доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки нархи фурӯши чаканаи сӯзишвории дизелӣ аз 9,4 то 11,6 сомонӣ ва бензини навъи АИ-92 бошад аз 10,2 то 10,8 сомониро ташкил менамояд.
Добыча нефти. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Дар Хатлон мехоҳанд истихроҷи нафту газро афзоиш диҳанд
Хадамоти зиддиинҳисорӣ муътадил будани бозори сӯзишвории дизелӣ ва бензинро дар Тоҷикистон ба муътадил будани нархи нафти навъи Brent дар бозори ҷаҳонӣ рабт дод.
Ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон қайд кард, ки дар се моҳи охир аз 73,4 то 75,5 доллар барои як баррел боқӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0