https://sputnik.tj/20250330/rahmon-sarvazironi-myanmar-tailand-noma-hamdardi-irsol-kard-1066775242.html
Раҳмон ба сарвазирони Мянмар ва Таиланд номаи ҳамдардӣ ирсол кард
Раҳмон ба сарвазирони Мянмар ва Таиланд номаи ҳамдардӣ ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Бар тибқи охирин маълумотҳо бар асари заминҷунбӣ дар Мянмар 1,6 ҳазор нафар кушта шуда, 3,4 ҳазор нафар ҷароҳатдор шд 30.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-30T10:30+0500
2025-03-30T10:30+0500
2025-03-30T10:30+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
мянмар
таиланд
ҳамдардӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066612402_0:0:3262:1836_1920x0_80_0_0_2c87514d61cbdfa780f34c82a09759f1.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 30 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар робита ба заминҷунбии маргбор дар Мянмар ба сарвазири ин ҷумҳурӣ номаи ҳамдардӣ ирсол кард.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.Манбаъ афзуд, президент дар номаи ҳамдардӣ ба Мин Аунг Хлайн изҳор дошт, ки хабари заминларзаи шадид, ки бар асари он шумораи зиёди одамон ҷон бохтаву осеб дидаанд ва ба бинову иншшооти сершумор хисорот ворид гардидааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.Дар идома роҳбари давлат ба сарвазир ва пайвандони қурбониён таъзя баё намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кард.Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ин офати табииро ба сарвазири Таиланд низ таслият гуфт.Дар нома ба Паэтонгран Чинаватра роҳбари давлат зикр намуд, ки заминларзаи маргбор дар Таиланд боиси андӯҳи амиқ гардид.Ёдовар мешавем, Мянмарро рӯзи 28 март заминларзаҳои шадид бо қувваи 7,7 ва 6,4 дараҷа такон дод. Шиддати заминларзаро дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин, Таиланд, Ҳинд Лаос низ эҳсос карданд.Тибқи маълумотҳои ахир, бар асари офати табиӣ 1,6 ҳазор кушта ва 3,4 ҳазор нафар ҷароҳатдор шуданд.Хонаву иншоотҳои зиёд фурӯ рехтанд ва зери харобаҳо одамони зиёд дармонданд. Ҳоло дар Мянмар вазъи изтирорӣ давом дошта, наҷотбахшон аз Русия ва Чин ба ҳатоёни худ дар Мянмар ва Таиланд кумак мерасонанд.
https://sputnik.tj/20250329/qurboniyon-zaminlarza-myanmar-1066769367.html
таиланд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066612402_218:0:2949:2048_1920x0_80_0_0_c1ca394ea3b09060c8c96448b5e24ba3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мянмар, таиланд, ҳамдардӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мянмар, таиланд, ҳамдардӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Раҳмон ба сарвазирони Мянмар ва Таиланд номаи ҳамдардӣ ирсол кард
Бар тибқи охирин маълумотҳо бар асари заминҷунбӣ дар Мянмар 1,6 ҳазор нафар кушта шуда, 3,4 ҳазор нафар ҷароҳатдор шд
ДУШАНБЕ, 30 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар робита ба заминҷунбии маргбор дар Мянмар ба сарвазири ин ҷумҳурӣ номаи ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Манбаъ афзуд, президент дар номаи ҳамдардӣ ба Мин Аунг Хлайн изҳор дошт, ки хабари заминларзаи шадид, ки бар асари он шумораи зиёди одамон ҷон бохтаву осеб дидаанд ва ба бинову иншшооти сершумор хисорот ворид гардидааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар идома роҳбари давлат ба сарвазир ва пайвандони қурбониён таъзя баё намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кард.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ин офати табииро ба сарвазири Таиланд низ таслият гуфт.
Дар нома ба Паэтонгран Чинаватра роҳбари давлат зикр намуд, ки заминларзаи маргбор дар Таиланд боиси андӯҳи амиқ гардид.
"Дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Таиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам", - омадааст дар номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, Мянмарро рӯзи 28 март заминларзаҳои шадид бо қувваи 7,7 ва 6,4 дараҷа такон дод. Шиддати заминларзаро дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин, Таиланд, Ҳинд Лаос низ эҳсос карданд.
Тибқи маълумотҳои ахир, бар асари офати табиӣ 1,6 ҳазор кушта ва 3,4 ҳазор нафар ҷароҳатдор шуданд.
Хонаву иншоотҳои зиёд фурӯ рехтанд ва зери харобаҳо одамони зиёд дармонданд. Ҳоло дар Мянмар вазъи изтирорӣ давом дошта, наҷотбахшон аз Русия ва Чин ба ҳатоёни худ дар Мянмар ва Таиланд кумак мерасонанд.