https://sputnik.tj/20250423/ikhroji-gustarda-panohjuyon-afghonistoni-tojikiston-1067093429.html
Ихроҷи густардаи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон
Ихроҷи густардаи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар тозатарин маврид, 47 паноҳҷӯи афғонистониро ба таври иҷборӣ ба Афғонистон ихроҷ кардааст
2025-04-23T15:29+0500
2025-04-23T15:29+0500
2025-04-23T15:50+0500
дар тоҷикистон
мақомот
ихроҷ
паноҳҷӯён
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061203852_0:244:3065:1968_1920x0_80_0_0_38365e2bc2d22a3a91e1ae3f7a0f0e95.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат ба таври иҷборӣ 47 паноҳҷӯи афғонистониро ба Афғонистон ихроҷ кардааст, иттилоъ додааст “Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон” дар истинод ба манобеъи маҳаллӣ.Қайд карда шудааст, ки ин афрод, ки умдатан ронандагон ва моликони худруҳои таксӣ дар шаҳр Ваҳдат буданд, дорои мадорики муътабари паноҳандагӣ аз Кумисариати олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умур паноҳндагон буданд.Ба гуфта ин хабаргузорӣ бархе аз ин паноҳҷӯён ба мақари амниятии шаҳри Ваҳдат фарохонда шуданд ва теъдодии дигар аз паноҳҷӯён дар марокизи шулуғшуда аз сӯйи неруҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба Афғонистон бозгардонда шуданд.Шаҳри Ваҳдат дар 20 километрии шарқи Душанбе воқеъ шуда, танҳо минтақаест, ки давлати Тоҷикистон ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ иҷозати иқомат додааст.То кунун ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи СММ вокунише ба ин рӯйдодҳо нишон надодааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Комиссиюни олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳҷуён аз Душанбе хоста буд, ки Тоҷикистон бояд аз ихроҷи паноҳҷуёни афғон даст кашад.Ин изҳорот пас аз он сурат гирифт, ки Тоҷикистон дар авохири соли гузашта даҳҳо муҳоҷирони афғонро ба Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон* ихроҷ кард.Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегуяд, муҳоҷирони афғон аз бисёре аз ҳуқуқе, ки шаҳрвандони тоҷик бархурдор ҳастанд, мустафид мешаванд.Аммо созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор медиҳанд, касоне, ки бозгашт дода мешаванд, дар маърази хатари озору азият, аз ҷумлаи шиканҷа қарор доранд.Тоҷикистону Афғонистон равобити фарҳангӣ ва забонӣ қавӣ доранд, аммо аз замони бозгашти Толибон* ба қудрат дар соли 2021, равобити ду кишвар танишолуд шудааст.Ин дар ҳолест, ки раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрону Покистон тасриъ ёфтааст.Қаблан Шермуҳаммад Аббос Станакзай, узви аршад ва муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон* гуфта буд, ки ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз кишварҳои ҳамсоя шиддат ёфтааст.Ба гуфтаи вай кишварҳои ҳамсоя аз муҳоҷирони афғонистонӣ ба унвони абзори фишор бар ҳукумати ин гурӯҳ истифода мекунанд.*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250120/panohjuyoni-afghon-tojikiston-haros-ikhroji-ijbori-1065934152.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061203852_333:0:3065:2048_1920x0_80_0_0_abbdc1ae2163816310f9f737f2725c40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, толибон, ихроҷ, смм, паноҳҷӯён, афғонистонӣ, ваҳдат
тоҷикистон, афғонистон, толибон, ихроҷ, смм, паноҳҷӯён, афғонистонӣ, ваҳдат
Ихроҷи густардаи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон
15:29 23.04.2025 (Навсозишуда: 15:50 23.04.2025) Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар тозатарин маврид, 47 паноҳҷӯи афғонистониро ба таври иҷборӣ ба Афғонистон ихроҷ кардааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат ба таври иҷборӣ 47 паноҳҷӯи афғонистониро ба Афғонистон ихроҷ кардааст, иттилоъ додааст
“Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон” дар истинод ба манобеъи маҳаллӣ.
Қайд карда шудааст, ки ин афрод, ки умдатан ронандагон ва моликони худруҳои таксӣ дар шаҳр Ваҳдат буданд, дорои мадорики муътабари паноҳандагӣ аз Кумисариати олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умур паноҳндагон буданд.
Ба гуфта ин хабаргузорӣ бархе аз ин паноҳҷӯён ба мақари амниятии шаҳри Ваҳдат фарохонда шуданд ва теъдодии дигар аз паноҳҷӯён дар марокизи шулуғшуда аз сӯйи неруҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба Афғонистон бозгардонда шуданд.
Шаҳри Ваҳдат дар 20 километрии шарқи Душанбе воқеъ шуда, танҳо минтақаест, ки давлати Тоҷикистон ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ иҷозати иқомат додааст.
То кунун ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи СММ вокунише ба ин рӯйдодҳо нишон надодааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Комиссиюни олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳҷуён аз Душанбе хоста буд, ки Тоҷикистон бояд аз ихроҷи паноҳҷуёни афғон даст кашад.
Ин изҳорот пас аз он сурат гирифт, ки Тоҷикистон дар авохири соли гузашта даҳҳо муҳоҷирони афғонро ба Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон* ихроҷ кард.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегуяд, муҳоҷирони афғон аз бисёре аз ҳуқуқе, ки шаҳрвандони тоҷик бархурдор ҳастанд, мустафид мешаванд.
Аммо созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор медиҳанд, касоне, ки бозгашт дода мешаванд, дар маърази хатари озору азият, аз ҷумлаи шиканҷа қарор доранд.
Тоҷикистону Афғонистон равобити фарҳангӣ ва забонӣ қавӣ доранд, аммо аз замони бозгашти Толибон* ба қудрат дар соли 2021, равобити ду кишвар танишолуд шудааст.
Ин дар ҳолест, ки раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрону Покистон тасриъ ёфтааст.
Қаблан Шермуҳаммад Аббос Станакзай, узви аршад ва муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон* гуфта буд, ки ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз кишварҳои ҳамсоя шиддат ёфтааст.
Ба гуфтаи вай кишварҳои ҳамсоя аз муҳоҷирони афғонистонӣ ба унвони абзори фишор бар ҳукумати ин гурӯҳ истифода мекунанд.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.