Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон дар ҳарос аз ихроҷи иҷборӣ

© AP / MIKHAIL METZELАфганские женщины в лагере для беженцев недалеко от границы с Таджикистаном. Архивное фото
Афганские женщины в лагере для беженцев недалеко от границы с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2025
Обуна шудан
Поноҳҷӯёни афғон, ки дар ҳудуди дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд аз афзоиши мавориди ихроҷи иҷборӣ ва зиндагӣ дар сояи тарс хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Бархе паноҳҷӯёни афғон бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти зиндагӣ дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки неруҳои амниятӣ бо анҷоми амалиётҳои густарда, паноҳҷӯёни афғонро дар хонаҳояшон дастгир ва ба Афғонистон бозмегардонанд, иттилоъ додааст “Хабаргузории донишҷӯ”.
Ин афрод ки ағлаб дар шаҳраки Ваҳдат, ҳӯмаи шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон сукунат доранд, мегӯянд аз ҳароси дастгирӣ, маҷбур шудаанд дар хонаҳои худ қарантина шаванд.
Дафтари Коммисари олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳҷӯён пеш аз ин нисбат ба афзоиши мавориди ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистони иброз нигаронӣ карда буд.
Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистони муддаи шудаанд танҳо афроди фоқиди мадорики иқоматиро ихроҷ мекунанд.
Нусратуллоҳ Маҳмадзода, сухангӯии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, гуфта буд ҷумҳурӣ танҳо афродеро ихроҷ мекунад, ки қавонини муҳоҷиратиро риоят накардаанд.
Флаги в Центральных учреждениях Организации Объединенных Наций в Нью-Йорке, США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2024
СММ аз Тоҷикистон хост, ки паноҳандагони афғонро ба Афғонистон ихроҷ накунад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кумитаи муҳоҷирати Афғонистон аз ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон интиқод карда буд.
Мусаввар Баҳодурӣ, раиси кумитаи муҳоҷирати Афғонистон (Ориёно) дар Тоҷикистон, хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуда ва аз Тоҷикистон хости ихроҷи паноҳҷуёнро мутаваққиф кунад.
Ӯ аз ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз ин кишвари иброз нигаронӣ кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост аз ҳуқуқи паноҳндагони муҳофизат ва ба таъаҳҳудоти байни алмилалӣ пойбанд бошанд.
Баҳодурӣ аз Тоҷикистон хоста то ба таъаҳҳудоти байналмилалиаш эҳтиром бигузорад.
Бисёре паноҳҷуёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз озору азияти Толибон* фирор карда ва паноҳандагӣ дарёфт кардаанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0