https://sputnik.tj/20250423/dushanbe-erevan-sokhtmon-nbo-khurdu-miyona-rushd-energetika-oftobi-1067090438.html
Душанбеву Ереван сохтмони НБО-и хурду миёна ва рушди энергетикаи офтобиро баррасӣ карданд
Душанбеву Ереван сохтмони НБО-и хурду миёна ва рушди энергетикаи офтобиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Арманистон дар ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодӣ ташаббусҳои муштарак дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро баррасӣ намуданд
2025-04-23T11:58+0500
2025-04-23T11:58+0500
2025-04-23T17:08+0500
дар тоҷикистон
арманистон
ҳамкорӣ
иқтисод
равобит
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/17/1067090272_77:0:1256:663_1920x0_80_0_0_348ff47175cc088ab3b7a972e9f4f0e3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон.Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ, ки ҷаласа таҳти роҳбарии ӯ баргузор гардид, таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, экологӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба энергетика ва рушди сабз, аз ҷумла ташаббусҳои муштарак дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия — сохтмони НБО-и хурду миёна ва рушди энергетикаи офтобӣ бо ҷалби сармояи мустақим корбарӣ менамоянд.Оқои Завқизода дар ин ҷаласа қайд кад, ки гарчанде гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2024 ду баробар афзоиш ёфта бошад, ҳаҷми он ҷавобгӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар нест.Ҳамзамон таъкид гардид, ки баргузор намудани форумҳои муштараки соҳибкорӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи ҳайатҳои соҳибкорӣ имконоти нави густариши гардиши савдои дуҷонибаро фароҳам меорад.Зикр гардидааст, ки ққдомҳои номбурда барои афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамоянд.Оқои Завқизода ҳайати Арманистонро барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.Вазири иқтисоди Арманистон Геворг Папоян, ки дар ин ҷаласа ҳайати ин кишварро роҳбарӣ мекард, ҳавасмандии кишварашро бариои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди тиҷорати дуҷониба иброз намуд.Дар доираи ҷаласаи мазкур ҳамраисони Комиссияи Тоҷикистону Арманистон Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистонро ба имзо расониданд.Чорабиниҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.
https://sputnik.tj/20250415/vukh-rusiya-khuruj-iiao-armaniston-dardnok-1066987815.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/17/1067090272_197:0:1081:663_1920x0_80_0_0_48acb4646be9e9e97263dc225fb44b50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арманистон, ҳамкорӣ, равобит, энергетика, сохтмон, нбо, энергетикаи офтобӣ
тоҷикистон, арманистон, ҳамкорӣ, равобит, энергетика, сохтмон, нбо, энергетикаи офтобӣ
Душанбеву Ереван сохтмони НБО-и хурду миёна ва рушди энергетикаи офтобиро баррасӣ карданд
11:58 23.04.2025 (Навсозишуда: 17:08 23.04.2025) Ҳукуматҳои Тоҷикистону Арманистон дар ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодӣ ташаббусҳои муштарак дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ, ки ҷаласа таҳти роҳбарии ӯ баргузор гардид, таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, экологӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба энергетика ва рушди сабз, аз ҷумла ташаббусҳои муштарак дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия — сохтмони НБО-и хурду миёна ва рушди энергетикаи офтобӣ бо ҷалби сармояи мустақим корбарӣ менамоянд.
Оқои Завқизода дар ин ҷаласа қайд кад, ки гарчанде гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2024 ду баробар афзоиш ёфта бошад, ҳаҷми он ҷавобгӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар нест.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки баргузор намудани форумҳои муштараки соҳибкорӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи ҳайатҳои соҳибкорӣ имконоти нави густариши гардиши савдои дуҷонибаро фароҳам меорад.
Зикр гардидааст, ки ққдомҳои номбурда барои афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамоянд.
Оқои Завқизода ҳайати Арманистонро барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.
Вазири иқтисоди Арманистон Геворг Папоян, ки дар ин ҷаласа ҳайати ин кишварро роҳбарӣ мекард, ҳавасмандии кишварашро бариои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди тиҷорати дуҷониба иброз намуд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур ҳамраисони Комиссияи Тоҷикистону Арманистон Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистонро ба имзо расониданд.
Чорабиниҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.