ВУХ Русия: Хуруҷ аз ИИАО барои аҳолии Арманистон дарднок хоҳад буд

© Sputnik / МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел РФ Михаил Галузин
Заместитель министра иностранных дел РФ Михаил Галузин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Обуна шудан
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт агар Арманистон роҳи аврупоиро интихоб кунад, ин ба равобити иқтисодии Ереван бо ИИАО тағйир хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Михаил Галузин муовини вазири умури хориҷаи Русия бар ин назар аст, ки “агар Арманистон бо роҳи аврупоӣ биравад, ин ба таври объективӣ ба равобити барқароршудаи иқтисодиии Ереван, ки ҳоло бо шариконаш дар ИИАО дорад, таъсири манфӣ мерасонад”.
"Эҳтимол, ин як раванди хеле дарднок, аз ҷумла, мутаассифона, барои аҳолии Арманистон хоҳад буд. Мантиқӣ аст, ки роҳбарияти кишвар ба аҳолии худ фаҳмонад, ки бо хориҷ шуданд аз ИИАО чиро аз даст дода метавонад ва воқеан аз узвият дар Иттиҳоди Аврупо чӣ фоида меорад", - гуфт дипломат рус дар мусоҳиба бо "Известия".
Вай илова кард, ки Арманистон шояд дар як лаҳза тасмим бигиранд, ки кадом самтро интихоб мекунад.
“Ҳамгироии АвруОсиё ба аҳолии Арманистон фоидаи ошкоро меорад. Ин пеш аз ҳама, дар рақамҳои хеле муҳими афзоиши ММД Арманистон ифода ёфтааст", - қайд кард Галузин.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки “ҳатто имрӯз гардиши молии Арманистон бо ҳар яке аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба Русия чанд маротиба камтар аст”.
Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2025
Кишварҳои узви ИИАО ва Эрон рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб”-ро баррасӣ доранд
Дипломати рус мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо нисбати Русия, шарики калидии иқтисодӣ ва муттаҳиди стратегии Арманистон ошкоро сиёсати душманонаро пеш мебарад.
Вай гуфт Аврупо барои шикасти стратегӣ ва заиф кардани Русия аз ҳама гуна амалҳое, ки ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии бӯҳрони Украина нигаронида шудааст, истифода мекунад. Онҳо мехоҳанд равобит бо шарикони стратегӣ ва муттаҳидон бо ИДМ, ИИАО ва СПАД хароб кунанд.
“Ман умедворам, ки онҳо ин вазъро мебинанд ва мувофиқи он баҳо медиҳанд", - гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Русия.
Лентаи хабарҳо
0