https://sputnik.tj/20250421/sarvazir-suporishi-prezident-rashtu-tojikobod-raft-1067066270.html
Сарвазир бо супориши президент ба Рашту Тоҷикобод рафт
Сарвазир бо супориши президент ба Рашту Тоҷикобод рафт
Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода аз корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
2025-04-21T16:49+0500
2025-04-21T16:49+0500
2025-04-21T19:10+0500
дар тоҷикистон
рашт
заминларза
сарвазир
расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067070591_245:6:1080:476_1920x0_80_0_0_d4e83b20fda0567cb8fe602df58c330e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Имрӯз бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод хабар додааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида маҷлиси ҳукумат баргузор кард.Дар ин маҷлис масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.Президенти кишвар барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ кардани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёрии ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳо дод.Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор шуданд, ки барои муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.Ҳамчунин мақомот бояд фавран рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян мекарданд.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда барои бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш дода буд.Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
https://sputnik.tj/20250415/suporish-rahmon-osebdidagon-rasht-kumaki-1066993059.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067070591_255:0:1062:605_1920x0_80_0_0_44544e3166f832a8e280c9ad78a6b2a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сарвазир, рашт, тоҷикобод, сафар, заминларза, бартарафсозӣ
тоҷикистон, сарвазир, рашт, тоҷикобод, сафар, заминларза, бартарафсозӣ
Сарвазир бо супориши президент ба Рашту Тоҷикобод рафт
16:49 21.04.2025 (Навсозишуда: 19:10 21.04.2025) Қоҳир Расулзода аз корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Имрӯз бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида маҷлиси ҳукумат баргузор кард.
Дар ин маҷлис масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ кардани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёрии ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳо дод.
Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор шуданд, ки барои муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин мақомот бояд фавран рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян мекарданд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда барои бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш дода буд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.