https://sputnik.tj/20250422/tojikiston-turkiya-soddagardoni-rasmiyoi-ravodid-1067071600.html
Тоҷикистону Туркия масъалаи соддагардонии расмиёти раводидро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Туркия масъалаи соддагардонии расмиёти раводидро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Анқара масъалаи соддагардонии расмиёти раводид миёни Тоҷикистону Туркия дар доираи машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд
2025-04-22T09:46+0500
2025-04-22T09:46+0500
2025-04-22T09:46+0500
вух-и тоҷикистон
дар тоҷикистон
раводид
туркия
соддагардонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045413006_0:315:3080:2048_1920x0_80_0_0_e3fe526979cc4e816ce90c4ff6939ed0.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорати хориҷа ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии кишвар Сафарзода Баҳодур роҳбарӣ кард.Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби Туркия дар мулоқот директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган иштирок намуд.Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила баррасӣ шуданд.“Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд”, - қайд кардааст ВУХ Тоҷикистон.Таъкид гардидааст, ки машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии баланд баргузор гардиданд.Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия бояд раводид гиранд.Пештар мақомоти Тукрия гуфта буданд, ки реҷаи раводид бо Тоҷикистон тадбири муваққатӣ аст, вале муҳлати бекор кардани он ҳоло маълум нест.Бояд гуфт, ки Туркия аз 20-уми апрели соли гузашта барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми равуо тавассути раводидро ҷорӣ кард, аммо сабаби ин иқдомро шарҳ надод, вале таҳлилгарон тахмин мезананд, ки қарор бо баъзе масоили амниятӣ рабт дорад. Дар посух Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд.
https://sputnik.tj/20240408/nizomi-ravodid-muvaqqati-saforati-turkiya-viza-tojikiston-1062384843.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045413006_235:0:2966:2048_1920x0_80_0_0_88f46023cbe5de63b86e18cc4a560e36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, раводид, соддагорданӣ, анқара, вух
тоҷикистон, туркия, раводид, соддагорданӣ, анқара, вух
Тоҷикистону Туркия масъалаи соддагардонии расмиёти раводидро баррасӣ карданд
Дар Анқара масъалаи соддагардонии расмиёти раводид миёни Тоҷикистону Туркия дар доираи машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорати хориҷа ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии кишвар Сафарзода Баҳодур роҳбарӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби Туркия дар мулоқот директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган иштирок намуд.
Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила баррасӣ шуданд.
“Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд”, - қайд кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Таъкид гардидааст, ки машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии баланд баргузор гардиданд.
Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия бояд раводид гиранд.Пештар мақомоти Тукрия гуфта буданд, ки реҷаи раводид бо Тоҷикистон тадбири муваққатӣ аст, вале муҳлати бекор кардани он ҳоло маълум нест.
Бояд гуфт, ки Туркия аз 20-уми апрели соли гузашта барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми равуо тавассути раводидро ҷорӣ кард, аммо сабаби ин иқдомро шарҳ надод, вале таҳлилгарон тахмин мезананд, ки қарор бо баъзе масоили амниятӣ рабт дорад. Дар посух Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд.